Паёми Раҳмон: Соли 2015 дар Тоҷикистон соли оила унвон шавад
Image copyrightBBC World ServiceРӯзи ҷумъа 23-юми январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо паёми навбатии худ ба порлумони Тоҷикистон баромад карда ва гуфт, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ барои таъмини уҳдадориҳои давлат нафақа ва моҳонаҳо дар сохторҳои будҷетӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Оқои Раҳмон дар паёми солонаи худ ба мавзӯъи тарбияи фарзандон ва насли ҷавон таваҷҷӯҳи вижа карда ва пешниҳод кард, дар Тоҷикистон ду ниҳоди ҷадид, Институти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва Ниҳоди вижа барои иҷрои қонун дар бораи масъулияти падару модарон дар назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шавад.
Ба гуфтаи оқои Раҳмон, ҳар сол дар Тоҷикистон 200 ҳазор кӯдак таваллуд мешавад, дар мактабҳои миёна як милиюну 750 ҳазор кӯдак дарс мехонанд ва ин кӯдакон ояндаи миллат ҳастанд, ки бояд мақомот ва давлат ва падарону модарон дар мафкураи онҳо "худшиносии миллӣ" таблиғи ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва миллӣ, аҳамияти пойдории давлат ва ҷомеъаро ҷой диҳанд.
Вай аз кормандони ҳунарӣ, филм, телевизиюн даъват кард, ки филмҳои мустанад ва ҳунарӣ барои таҳияи филмҳо дар мавзӯъи лозим ҷалб шаванд. Аз ҷомеъашиносон хоста шуд, ки сабаб ва омилҳои оғози ҷанги шаҳрвандиро нигоранд, то насли ҷавон аз он беҳтар хабардор шавад.
Оқои Раҳмон афзуд: "Дар шароити ҳассоси кунунӣ таваҷҷӯҳи волидайнро ба тарбияи фарзандон ҷалб мекунам. Волидайн бояд бо ҷавононе, ки дар кишварҳои хориҷӣ ҳастанд дар алоқа бошанд. Онҳо ба доми фиреби ташкилотҳои террористӣ мешаванд ва ба Сурияву Иқрок мераванд Оё ин мусулмонӣ аст, ки фарзанд аз падару модар рӯ гардонад?"
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд: "Омӯхтани сабаб ва омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ яке аз ҳадафҳои ҷомеъашиносон мебошад. Онҳо нақши ҳалкунанда бояд дошта бошанд барои дарси ҳушёрӣ ба насли нав. Мо дида истодем, ки ҳастанд афроде ки фаромӯш кардаанд... Бори дигар такрор мекунам, ки шукронаи ин замини аҷдодӣ ва суботу оромӣ кунетон. Давлатҳое ки пулдор буданд имрӯз дар хун оғушта шудаанд! Ба умеди хоҷаҳои хориҷӣ нашавед! Худшинос бошед, ҳисси миллӣ дошта бошед, бегонапарастӣ накунед барои чор танга! Тафриқаандозӣ накунед! Аҳволи ҷомеъаи ҷаҳониро дида истодем."
Оқои Раҳмон гуфт, ки барои муборизаи иттилоъотӣ ва воридшавии мафкураи бегона дар ҷомеъа "марказҳои соҳавӣ ва пажуҳишгоҳҳо ва муассисоти маъорифро зарур аст, ки барои таблиғи ҳифзи арзишҳои таърихӣ ва миллӣ, пойдории давлат ва ҷомеъа таваҷҷӯҳи бештар кунанд."
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба мавзӯъи афзоиш ёфтани таваллуди кудакони маъюб таваҷҷӯҳи вижа карда ба ниҳодҳои марбут пешниҳод кард, ки дар якҷоягӣ бо ҷомеъаи маданӣ ва мардум мавзӯъи издивоҷи хешовандони наздикро баррасӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки дар ин самт бояд ҷиддан кор бурда шавад, зеро ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон "ҳастанд шаҳрҳое, ки дар он 300 маъюб таваллуд шудааст".
Оқои Раҳмон гуфт, ки пас аз омӯзиши ин мавзӯъ "агар зарур бошад қонунҳои ҷиддӣ таҳия шаванд", зеро ба таъкиди ӯ ҷомеъаи солим аз хонаводаи солим бармеояд. Бо ин таваҷҷӯҳ ба ин оқои Раҳмон пешниҳод кард, ки соли 2015 дар Тоҷикистон соли оила унвон шавад.
Маблағгузорӣ ба сохторҳои интизомӣ ва қудратӣ афзоиш ёбад
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба вазъи ҷаҳонӣ ба вижа шиддат гирифтани муборизоти истротежики кишварҳои ҷаҳон ва тақвияти фаъъолияти гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротгароӣ сӯҳбат кард.
Ӯ гуфт, ки ба ин хотир "Сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқро зарур аст ки барои таъмини амнияти давлат ва ҷомеъа ва омодабошии қувваҳои мусаллаҳ чораҳои мушаххас андешанд. Мо бояд барои таъмини амният ва сулҳу субот шароитро муҳаё кунем. Ҳар шаҳрванди кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва фирефтаи андешаҳои ифротӣ нашавад. Давлатро зарур аст ки маблағгузориро ба неруҳои интизомӣ барои техника ва иншооти сарҳадӣ ва хитзмат барои сохтору мақомот зиёд намояд. Мо бояд барои суботи сиёсии ҷомеъа муттаҳид бошем ва ба мақомот ҳамаҷониба мусоидат намоем."
ОҚои Раҳмон афзуд: "Густариши террурисм ва муомилоти маводди нашъадор ва аслиҳа, коҳиши асосҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ таъмини амнияти миллии кишварҳои хурду бузургро мушкилтар мекунад. Ин вазъ амнияти кишварҳои хурду бузурги олам ва башарият бо хатарҳои ҷиддӣ рубару кардааст. Ин нишон медиҳад ки террурисм ва ифротгароӣ вабои замон буда ва терурист дину ватан надорад ва таҳдиде ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Онҳо ҳеҷ иртиботе бо дин аз ҷумла дини мубини Ислом надоранд. Ман инро дар ҳама ҷо гуфтаам ва мегуям, ки номи поки Исломро бо терорисм олуда насозанд. Моро лозим аст таҳаммулгароиро таҷассум кунем ки асли ҷамъияти мусалмонро нишон бидиҳем. Аммо ба назар мерасад ки шиддат гирифтани муборизаҳои геостратегӣ падидаи аз ҳама хатарноки солҳои охир мебошад. Ин вазъ аз мо тасмимҳои санҷидаро тақозо мекунад, ки кишвари мо низ олудаи ҷанг нагардад. Минатқаи мо бояд минтақаи дустиву ҳамкорӣ бошад. Ҳамкории муассир бо шарикони исторотежики боэътимод дошта бошем ва робита бо созмонҳои байналмиллалиро, ки бо онҳо робитаи судманд доштем идома ва тақвият бидиҳем.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пешрафтҳое, ки Тоҷикистон дар соли 2014 доштааст сӯҳбат кард. Вай гуфт, ки дар панҷ соли ахир музди меҳнтаи идороти давлатӣ, фарҳанг ва иҷтимоъӣ аз ду то се баробар зиёд карда шуд. Акнун қарор аст аз моҳи сентябр "марҳалаи нави афзоиши моҳонаи соҳаи будҷетӣ амалӣ мешавад".
Афзоиши моҳона дар соли 2015
Бa гуфтаи оқои Раҳмон, аз ҷумла моҳонаи мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 15 фоиз афзоиш ёфта, моҳонаи кормандони маъориф, фарҳанг ва варзиш 20 фоиз ва кормандони арсаҳои иҷтимоъӣ ва собиқадорони ҷанг ва маъюбон 25 дарсад зиёд хоҳад шуд.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ин кор аз будҷети давлат 1 млрд. 320 млн сомонӣ равона мешавад.
Оқои Раҳмон гуфт, ки ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ва меҳнат то 20 % зиёд шуда ва степендияи донишҷӯён 30%, ва музди меҳнати ҳадди ақал 60% фоиз зиёд гашта аз 250 то 400 сомонӣ бардошта хоҳад шуд.
Ӯ гуфт: "Талош дорем ки барои ҳар сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳаё созем ва амалҳои мо ҳамин ҳадафӣ олӣ аст. Зеро мардум масъулияти имрузу фардои кишварро ва таҳкими минбаъдаи кишвар ва таъмини амнияти кишварро ба зиммаи мову шумо вогузор кардаанд. Вазифадорем, ки неруву имкониятҳоямонро барои хизмат ба мардум ва Ватан сафарбар намоем."
Президент Раҳмон гуфт, ки ҷамъбасти соли 2014 нишон додааст, ки кишвар боз як қадам ба роҳи тавсеъа гузошт, зеро ба гуфтаи вай "бо вуҷуди таъсири манфии вазъи ҷаҳон ва минтақа ба рушди иқтисодии кишвар, тавсеъаи кишвар устувор нигоҳ дошта шуда ва даромади пули аҳолӣ 12% зиёд шуда ба пасандозҳои онҳо 21 фоиз афзоиш ёфт."
Ба гуфтаи ӯ, дар 2014 беш аз 252 ҳазор кори доимӣ ва мавсими таъсис шуда ва мизони фақр то андозае коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Раҳмон, ҷамъияти кишвар дар соли ҷорӣ 2.5 дарсад афзоиш ёфта ва "дарозумрӣ беш аз 5 сол афзоиш ёфт". Яке аз нишондодҳои дигари мусбӣ ин аст, ки фавти модару кудак дар Тоҷикистон коҳиш ёфта ва дар солҳои 2000 - 2014 фавти модару кудак ду баробар кам гардидааст.
Ба гуфтаи оқои Раҳмон, будҷети давлати Тоҷикистон дар ҳафт соли ахир чаҳор маротиба афзоиш ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон маъмулан паёми солонаи худро дар моҳи январ не, балки дар моҳи апрел ба порлумон ироа мекард.
Аммо ба гуфтаи манобеъи давлатӣ имсол оқои Раҳмон тасмим гирифтааст паёми худро дар оғози сол ироа кунад, то барои иҷрои ҳадафҳои гузошташуда дар паёми солона замони кофӣ дар охири сол вуҷуд дошта бошад.
