Раҳмон қатли халабони урдуниро маҳкум кард

  • 6 Феврал, 2015

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо исоли як номаи таслият ба шоҳи Урдун қатли як халабони артиши он кишвар аз сӯйи пайкорҷӯёни Доъишро шадидан маҳкум кард.

Торнамои риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон ин амали пайкорҷӯёнро “нафратангез, ғайриисломӣ ва ғайриинсонӣ” хондааст.

Дар ин нома, ки рӯзи паҷшанбеи 5 феврал ба Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун, фиристода шуда, оқои Раҳмон саҳнаи сӯзондани Муъоз Касосбеҳ, халабони асири урдуниро, даҳшатовар хондааст.

Дар ин нома омада: "Бо изҳори таслият ба Шумо нисбат (ба) ин талафот таъкид бар он медорем, ки чунин амали нафратангези ғайриисломиву ғайриинсонӣ азму иродаи моро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар роҳи решакан намудани ин вабои палид, ки таҳдиде ба амнияту суботи минтақа ва кулли ҷаҳон шудааст, беш пеш афзун менамояд."

Оқои Раҳмон ба пайвандони Муъоз Касосбеҳ ва тамоми мардуми Урдун аз номи мардуми Тоҷикистон ибрози ҳамдардӣ кардааст. Рӯзе қабл пайкорҷӯёни "Давлати исломӣ" ё Доъиш видиюе аз сӯзондани Муъоз Касосбеҳ, халабони артиши Урдунро, мунташир карда буданд.