Гузориши “Барқи Тоҷик” аз беҳбуди таъмини барқ дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтанд, дар муқоиса ба солҳои қаблӣ вазъи таъмини сокинони Тоҷикистон бо нерӯи барқ беҳбуд ёфтааст.
Рустам Раҳматзода, раиси ин ширкат, рӯзи сешанбеи 27 январ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, агар дар зимистони солҳои қаблӣ ба манотиқи рустоӣ дар як шабонарӯз аз 4 то 6 соъат нерӯи барқ интиқол мешуд, дар соли ҷорӣ ин рақам то ба 12 соъат дар як шабонарӯз афзоиш ёфтааст.
Оқои Раҳматзода далели ин амрро ба мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва бунёди чанд нерӯгоҳи хурди барқӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон марбут хонд.
Тибқи иттилоъи ширкати “Барқи Тоҷик” дар соли ҷорӣ мизони тавлиди нерӯи барқ дар ин кишвар дар муқоиса ба соли гузашта 8 милюн килувот-соъат дар як шабонарӯз афзоиш ёфтааст.
Аз сӯйи дигар, бино ба хабари ин манбаъ, сатҳи обанбори нерӯгоҳи “Норак”, нерӯгоҳи аслии тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон, феълан 889 метрро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба нишондоди соли гузашта ҳудуди 5 метр бештар будааст.
Аз ин лиҳоз, Рустам Раҳматзода ибрози умедворӣ кард, ки мизони ҷирабандӣ ё лимити истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар авоили фасли баҳор лағв шавад.
Дар соли гузашта мизони ҷирабандӣ то моҳи апрел идома ёфта ва мизони интиқоли нерӯи барқ ба сокинони манотиқи рустоӣ пас аз ҷашни Наврӯз ҷиддан коҳиш ёфта буд.
Зимнан, Тоҷикистон ҳамасола дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ шуда ва интиқоли нерӯи барқ дар манотиқи рустоӣ тибқи ҷирабандӣ ё лимит сурат мегирад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар паёми хеш ба порлумон дар авохири ҳафтаи гузашта камбуди нерӯи барқро мушкили шумораи 1-и ин кишвар арзёбӣ карда ва гуфт, имкон дорад ин мушкил аз тариқи бунёди нерӯгоҳи Роғун ва нерӯгоҳҳои хурду миёна ҳалл шавад.
Масъулони ширкати “Барқи Тоҷик” гуфтанд, ба иллати поин рафтани қимати олюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ ва коҳиши мизони тавлиди олюминиюм дар корхонаи Талко масрафи нерӯи барқ дар ин корхона дар соли гузашта нисбат ба соли 2013 ба миқдори 1,4 милёрд килувот-соъат кам шудааст.
Гуфта мешавад, ин нерӯи барқ ба корхонаҳои санъатӣ, ки барои истифодаи нерӯи барқ аз ширкати "Барқи Тоҷик" бидеҳкор нестанд, тавзеъ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ширкати “Барқи Тоҷик” хабарҳо мабнӣ бар фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистон дар фасли сарморо бепоя хонда ва гуфтанд, ба хотири таъмини шиддатнокӣ дар хутути барқ танҳо мизони ночизи нерӯи барқ дар ду хатти интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон интиқол шудааст.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар тобистони соли гузашта Тоҷикистон дар маҷмӯъ 1 милёрду 100 милюн килувот-соъат нерӯи барқ ба Афғонистону Қирғизистон содир кардааст.
Мақомоти ин ширкат гуфтанд, дар фасли тобистон Тоҷикистон имкони судури 600 меговот нерӯи барқ ба Афғонистонро дошта, аммо кишвари ҳамсоя имкони фаннии қабули ин миқдор нерӯи барқро надоштааст.
Ба ин далел, дар тобистони соли гузашта ба миқдори 2,6 милёрд килувот-соъат нерӯи барқи изофии Тоҷикистон талаф шудааст.
