Порлумон бидеҳиҳои ширкати "Барқи тоҷик"-ро коҳиш дод

  • 26 Ноябр, 2014
“Барқи тоҷик” Image copyrightBBC World Service
Image caption Ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳҳо ва бубҷеву ниҳодҳои молии Тоҷикистон ба маблағи 1,2 милёрд сомонӣ бидеҳкор аст

Ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳҳо ва будҷеву ниҳодҳои молии Тоҷикистон ба маблағи 1,2 милёрд сомонӣ бидеҳкор аст.

Рустам Раҳматзода, раиси ин ширкат, ки рӯзи чаҳоршанбеи 26 ноябр дар иҷлоси порлумон суҳбат мекард, харидории нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" бо қимати бештар ва фурӯши он ба сокинон бо арзиши камтар ва пардохт нашудани ҳаққи истифода аз нерӯи барқ аз сӯи корхонаю муҷтамаъҳои кишоварзиро аз авомили афзоиши ин бедиҳиҳо хонд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи оқои Раҳматзода, ширкати "Барқи тоҷик" аз ин нерӯгоҳҳо як килувот нерӯи барқро ба арзиши 11,9 дирам харида ва ба мардум бо баҳои 10,82 дирам мефурӯшад.

Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, феълан ин ширкат аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ба маблағи 418,4 милюн сомонӣ, аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ба андозаи 165 милюн сомонӣ ва аз бахши молиёти будҷеи Тоҷикистон 185,6 милюн сомонӣ бидеҳкор аст.

Ба гуфтаи оқои Раҳматзода, дар соли ҷорӣ ширкати "Барқи тоҷик" маблағи 200 милюн сомонӣ аз бидеҳиҳои худро пардохта ва барои пардохти бидеҳиҳои нерӯгоҳҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" ҷадвали замонӣ таҳия кардааст ва ҳар моҳ ба андозаи 15 ва 5 милюн сомонӣ ба ин ду нерӯгоҳ маблағ интиқол медиҳад.

Бо ислоҳи Қонуни будҷеи соли ҷории Тоҷикистон, ки дар порлумон атсвиб шуд, маблағи 30 милюн сомонӣ аз бидеҳиҳои молиётии нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" лағв шуда ва ба ин тартиб, ин иқдом ба коҳиши мизони биҳеҳиҳои ширкати "Барқи тоҷик" аз ин нерӯгоҳ мусоъидат кардааст.

Ҳамчунин, дар иҷлоси порлумон мувофиқатномаи байни давлати Тоҷикистон ва Бонки Урупоии Бозсозӣ Тавсеъа (БУБТ) дар мавриди таҷдиду бозсози нерӯгоҳи обии Қайроққум, дар шимоли ин кишвар, баррасӣ ва тасвиб шуд.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири дороии Тоҷикистон, ҳазинаи ин тарҳ 75 милюн дулори омрикоӣ буда, аз ин маблағ 50 милюн дулор воми БУБТ, 10 милюн дулор вом ва 11 милюн дулор кумаки билоъивази Барномаи мутобиқат бо тағйироти иқлимӣ ва 4,7 милюн дулорро кумаки фаннии Бонки Урупоии Бозсозию Тавсеъа ташкил медиҳанд.

Ин нерӯгоҳ дар соли 1957 бо тавоноии 126 меговот бунёд шуда, дар ин муддат таҷҳизоти он куҳнаю фарсуда шудаанд. Ба далели кӯҳна будани таҷҳизоти нерӯгоҳи Қайроққум мизони талафи нерӯи барқ дар ин нерӯгоҳ дар як сол 310 милюн килувотро ташкил медиҳад.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ ба иллати иттисоли кӯтоҳ ҳамаи шаш турбини он аз фаъъолият бозмонд. Дар сурати базудӣ тармиму бозсозӣ нашудан хатари рух додани садамаи ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Оқои Нуралиев гуфт, ки дар марҳилаи аввал ду турбини ҷадид насб шуда, чархаҳои дигар тармим мешаванд. Дар сурати бозсозии комил тавоноии ин нерӯгоҳ аз 126 ба 142 меговот афзоиш хоҳад ёфт. Ҳамчунин, ин навсозӣ сатҳи эминии нерӯгоҳро боло бурда ва он ба фишори тағйироти иқлимӣ тобовар хоҳад шуд.

Зимнан, Бонки Урупоии Бозсозию Тавсеъа аз замони фаъъолияташ дар Тоҷикистон ба иқтисоди ин кишвар ҳудуди 400 милюн дулор сармоя ихтисос додааст.

Матолиби муртабит