Даргирии марзбонон бо қочоқбарони афғон дар марзи муштарак

  • 6 Январ, 2015
Марзи муштараки Тоҷикистон ва АфғонистонImage copyrightBBC World Service
Image caption Кормандони ожонсӣ якҷо бо марзбонони Тоҷикистон як амалиёти вижа барои хунсо кардани гурӯҳи қочоқбарони афғонро гузарониданд

Кормандони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон аз даргирии кормандони ин ниҳод ва марзбонони тоҷик бо як гурӯҳи бузурги қочоқбарони Афғонистон дар ноҳияи марзӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, як гурӯҳи қочоқбарони афғон, ки аз шаш нафар иборат будаанд, дар ноҳияи марзии Ҳамадонӣ ба марзбонони Тоҷикистон муқовимати мусалаҳона кардаанд.

Кормандони ин ниҳод якҷо бо марзбонони Тоҷикистон дар қитъаи марзии мавсум ба “Ҳамадонӣ” амалиёти вижа барои хунсо кардани ин гурӯҳи қочоқбарони афғонро гузарониданд.

Аъзои ин гурӯҳ кушиши интиқоли маводди мухаддир аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистонро карда ва саъй карданд, ки дар қаламрави ин кишвар паноҳ бибаранд.

Ҳангоме, ки марзбонон пеши роҳи онҳоро гирифтаанд, қочоқбарони афғон ба сӯйи марзбонон ва кормандони ожонсӣ гулӯла шилик карданд.

Дар натиҷа миёни марзбонон ва қочоқчиён даргирӣ рух дод ва баъд аз захмӣ шудани як нафар аз қочоқчиён, аъзои дигари он боистифода аз торикии шаб ба қаламави Афғонистон фирор карданд ва қочоқчии захмиро бо худ бурдаанд.

Кормандони ожонсӣ ҷои ҳодисаро таҳқиқ карда ва аз он ҷо 12 баста тарёкро,ки ҳудуди 12 килуграм будааст, кашф кардаанд. Ҳамчунин аз ҷои воқеъ ду телефуни дастӣ ва гулӯлаҳо низ пайдо шудааст.

Дар робита ба ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва кормандони ожонсӣ барои пайдо кардани ҳамдастони ин гурӯҳ дар қаламрави Тоҷикистон таҳқиқот мебаранд.

Масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли ҷорӣ ин нахустин бор аст, ки онҳо миқдори зиёди маводди мухаддирро аз қочоқчиён мусодира мекунанд.

Матолиби муртабит