Додгоҳе дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро маҳкум ба зиндон кардааст
Кормандони интизомии Русия аз зиндонӣ шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия хабар додаанд.
Тибқи иттилоъи торнамои Додситони Федероли Русия, ин табаъаи Тоҷикистон барои қочоқи ҳеруин муҷрим шинохта шуда ва додгоҳи шаҳри Новгород ӯро барои 10 сол равонаи зиндон кардааст.
Кормандони интизомии Русия Алишер Назировро дар моҳи майи соли ҷорӣ дар фурӯдгоҳи Нижний Новгород, замоне ки вай беш аз 600 гром ҳеруинро дар меъдааш интиқол медодааст, боздошт кардаанд.
Дар хабар омадааст, ки оқои Назиров дар донишҷӯйи соли севвуми таҳсили окодемии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон будааст.
Дар хабари дигари торнамои Додситонии Федероли Русия омадааст, ки кормандони додситонии шаҳри Воронеж парвандаи ҷиноӣ алайҳи як зан, аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистонро ба занни қочоки маводди мухаддир ба додгоҳи ин шаҳр барои баррасӣ равона кардаанд.
Байрамгул Шукурова 31-сола барои интиқол ва фурӯши беш аз ду килуграм ҳеруини муттаҳам будааст.
