Як табаъаи тоҷик дар Русия барои 18 сол маҳкум ба зиндон шуд

  • 19 Декабр, 2014

Додгоҳи вилояти Маскави Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои 18-сол равонаи зиндон кардааст.

Тибқи иттилоъи торнамои Додситонии федероли Русия, қозии ин додгоҳ Раҷабмурод Раҳматовро дар қочоқ ва фурӯши маводди мухаддир, аз ҷумла ҳеруин, муҷрим шинохтааст.

Масъулони додситонӣ мегӯянд, ки талошҳо барои боздошти ҳамдастони эҳтимолии дигари оқои Раҳматов дар Русия идома дорад. Ба гуфтаи онҳо, харидорони маводди мухаддир ба ҳисоби бонкии оқои Раҳматов пул гузаронда ва сипас вай макони маводди мухаддирро ба онҳо ифшо мекардааст.

Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар зиндонҳои Русия беш аз панҷ ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон ба сар мебаранд. Додгоҳҳои Русия бештари онҳоро ба ҷурми қочоқи маводди мухаддир маҳкум кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи гузориши Идораи бозҷӯйии Русия, пулис дар шаҳри Сан-Питерзбург як сокини 31-солаи Тоҷикистонро ба занни таҷовуз ба номуси як зани рус боздошт кардааст. Ин арди тоҷик дар яке аз маҳаллоти ин шаҳр ба хиёбонрӯбӣ машғул будааст.