Кашфи миқдори зиёди маводди мухаддир аз як комюн дар Тоҷикистон
Масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон аз кашфи миқдори зиёди маводди мухаддир дар як амалиёти вижаи кормандони он хабар доданд.
Тибқи хабари дафтари матбӯъотии ин ниҳод, ки рӯзи панҷшанбеи 27 ноябр пахш шуд, кормандони ожонс аз дохили як комюн 35 килуграм ҳашиш кашф ва мусодира кардаанд.
Ронандаи ин комюн боздошт ва ба қочоқи маводди мухаддир муттаҳам шудааст.
Кормандони ожонс мегӯянд, ки ин фарди муттаҳам аз муддатҳо қабл зери назари онҳо буда ва қасд доштааст, ки ин маводдро аз қаламрави вилояти Хатлон ба вилояти Суғд ва сипас ба хориҷ аз кишвар интиқол диҳад.
Ба гуфтаи масъулон, бо боздошти ин фарди муттаҳам ба қочоқи маводди мухаддир онҳо муваффақ ба бастани як коноли интиқоли маводди мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва хориҷ аз он шудаанд.
Дар робита бо ин қазия масъулони ин ниҳод парвандаи ҷиноӣ боз карда ва барои пайдо кардани ҳамдастони дигари ин фарди муттаҳам таҳқиқотро идома медиҳанд.
