Маҳкумияти 11 нафар ба иттиҳоми узвият дар ҶИУ дар Суғд
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳи шаҳри Хуҷанд, дар шимоли Тоҷикистон, 11 нафар аз афроди муттаҳам ба узвият дар Ҷунбиши исломии Узбакистонро барои муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.
Ин афрод аз ҷумлаи 50 нафар аз муттаҳамон дар узвияти ин гурӯҳ ҳастанд, ки авохири моҳи сентябри соли равон аз сӯйи кормандони интизомӣ дар вилояти Суғд боздошт шуда буданд.
Шуҳрат Аҳрорзода, қозии ин додгоҳ, мегӯяд, ки Мансур Бобоёрови 36-сола раҳбарии ин гурӯҳро бар уҳда дошта ва додгоҳ ӯро барои 19 сол маҳкум ба зиндони дорои низоми сангин кардааст.
Оқои Аҳрорзода рӯзи ҷумъаи 19 декабр дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки муҳокимаи ин афрод рӯзи гузашта ба анҷом расидааст: "Ин афрод тибқи моддаҳои 187 ва 182-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон дар ширкат дар гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ғасби таъсисоти муҳимми давлатӣ муҷрим шинохта шуданд."
Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, додгоҳ онҳоро бар асоси моддаи 307-и қонуни кайфарӣ дар даъват барои тағйири низом аз роҳи хушунатомез муҷрим шинохтааст.
Оқои Аҳрорзода мегӯяд, ки дар моҳи сентябр Мансур Бобоёров ва Элдарҷон Ҳотамов қарор гузошта буданд, ки бо аъзои хонаводаҳояшон ба Сурия раванд, аммо аз сӯйи кормандони интизомӣ боздошт шуданд.
Элдарҷон Ҳотамов, сокини ноҳияи Спитамен, ки аз аъзои дигари ин гурӯҳ аст, барои 12 сол ва нуҳ нафари дигар барои 9 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.
Мансур Бобоёров ва бештари ҷавононе, ки барои узвият дар Ҷунбиши исломии Узбакистон маҳкум шудаанд, сокинони ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд будаанд. Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи 39 нафари дигар аз боздоштшудагон аз сӯи мақомоти интизомии вилояти Суғд идома дорад.
Маҳкумияти ин теъдод ҷавонони суғдӣ ба иттиҳоми узвият дар як созмони мамнӯъ ва кӯшиши рафтани онҳо ба Сурия дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон азпештар аз пайвастани шумори зиёде аз атбоъи ин кишвар ба гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ хабар дода буданд.
Ба гуфтаи манобеъи расмӣ, ҳудуди 300 нафар аз атбоъи Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд ва тайи ду соли гузашта 50 нафар аз атбоъи тоҷик дар он кишварҳо кушта шудаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумори атбоъи тоҷики ширкаткунанда дар ҷангҳои Сурия ва Ироқро беш аз 800 нафар медонанд.
