Маҳкумияти 12 фарди мутаҳам ба пайравӣ аз ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон
Image copyrightxxxДодгоҳи олии Тоҷикистон як гурӯҳи 12-нафарӣ аз атбоъи ин кишварро, ки ба пайравӣ аз ҷараёни Салафия муттаҳам шуда буданд, ба зиндон ва пардохти ҷарима маҳкум кардааст.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии Додгоҳи олӣ, ҳукми ин афрод 22-уми сентябр эълом шуда ва ҳамакнун қарор аст ба иҷро дарояд.
Ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон бо ҳукми Додгоҳи олӣ аз соли 2009 бад-ин сӯ мамнӯъ эълом шуда ва то ҳол даҳҳо пайрави ин ҷараён барои муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон шудаанд.
Соҳибназарон мегӯянд, ки гузоштани риши номураттаб ва пӯшиши либоси вижа аз сӯйи мардони салафӣ, дар вақти адои намоз бо садои баланд “омин” гуфтан ва гузоштани даст бар рӯи сина ба ҳангоми адои намоз аз ҷумлаи одотест, ки ба пайравони Салафия нисбат дода мешаванд.
Манобеъи Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯянд раҳбарии гурӯҳеро, ки ахиран маҳкум шуд, Каримҷон Давлатов, як сокини шаҳри Душанбе, ба уҳда дошта ва ба ин далел ӯ барои 10 сол ба зиндон маҳкум шудааст.
Юсуф Тоҳиров, Аюб Шарифов, Ҷамолиддин ва Камолиддин Лоиқов, Ҳабибулло Раҳмонов, Анвар Лашкаров ва Раҳматулло Ғуломов, аз аъзои дигари ин гурӯҳ, ба муддати се сол равонаи зиндон шудаанд.
Вале додгоҳ Қурбоналӣ ва Аламшо Лоиқов, Зарифхон Юсуфов ва Файзулло Шамсуллоевро ҷарима ва дар толори додгоҳ озод кардааст. Ҳар кадоме аз инҳо маблағи 60 ҳазор сомонӣ бояд ба давлат бисупоранд.
Ба гуфтаи манобеъи додгоҳӣ, ҳамаи маҳкумон сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он мебошанд.
Салафиҳо дар Тоҷикистон аз ҳудуди даҳ сол пеш аз худ дарак доданд ва тӯли ин муддат дар расонаҳо ва маҳофили мазҳабӣ бо рӯҳониёни суннатии ҳанафӣ дар масоили динӣ вориди баҳс мешуданд.
Дар соли 2009 додгоҳ Эшони Сироҷиддин, рӯҳониеро, ки раҳбари салафиҳо дар Тоҷикистон хонда мешуд, ва писари ӯро равонаи зиндон кард. Баъд аз чанд соли зиндон ин ду нафар озод шуданд.
Аммо то ҳол дар бораи даст доштани пайравони Салафия дар фаъъолиятҳои ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон гузориш нашудааст. Бо ин вуҷуд, мақомот аз густариши ин ҷараён изҳори нигаронӣ мекунанд.
Тибқи гузоришҳо, дар ин авохир дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон маъмурони амниятию интизомӣ корзори мавсум ба "риштарошии иҷбории" мардони мазҳабиро ба роҳ андохтаанд. Ҳарчанд мақомот иддиъои роҳандозии чунин корзореро рад мекунанд.
Мудофеъни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки "риштарошии иҷборӣ" ноқизи ҳуқуқ ва озодиҳои мадании шаҳрвандон, таҷовуз ба ҳарими хусусии онҳо ва муғойир бо қавонини ин кишвар аст. Вале гузоришҳо ҳокист, ки ин амр дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад.
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ки мақомоти Тоҷикистон нисбат ба аносур ё нумодҳои мазҳабӣ, монанди доштани риши номураттаб аз сӯи мардон ва пӯшиши ҳиҷоб ё рӯсарӣ аз сӯи занон ҳассосият доранд.
Дар гузашта аз мавориди ихроҷи донишомӯзони зан аз мадорис ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ба хотири пӯшиши исломӣ гузориш шудааст. Бар асоси хабарҳои расида, дар бархе аз манотиқ маъмурони пулис ахиран шиъору нивиштаҳои мазҳабиро аз худравҳо низ барчидаанд.
Мунтақидони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ки ин тадобир на танҳо муфид нест, ки музир ҳам ҳаст, чун мақомот бештар ба зоҳири масъала сару кор мегиранд, дар ҳоле ки афкори ифротгароёна дар даруни ҷомеъа ба хотири сиёсатҳои нокоромад ва фақру фасод ҳарчи бештар густариш меёбад.
