Давлатов: Дар Донишкадаи исломӣ 'ифротгароҳо' нестанд
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Донишкадаи исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурати эҳдоси сохтмони ҷадиди ин муассисаи омӯзишӣ имкони афзоиши теъдоди донишҷӯён фароҳам мешавад.
Ба ин тартиб, ба бовари онҳо, мушкили аслии талоши бархе аз ҷавонон барои таҳсил дар муассисоти омӯзишии мазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ ҳал хоҳад шуд.
Ин матлабро Сулаймон Давлатов, раиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, рӯзи чаҳоршанбеи 23-уми июл дар як нишасти матбӯъотӣ матраҳ кард. Вай афзуд, ки феълан аз ҷумлаи афроди бозгардондашуда аз муассисоти омӯзишии мазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ 113 нафар дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир ҳудуди ду ҳазор нафар аз атбоъи тоҷик аз таҳсили ба гуфтаи мақомоти ин кишвар ғайримуҷоз дар кишварҳои исломӣ бозгардонда шуда ва бархе аз ин афрод дубора озими таҳсил ба ин кишварҳо шудаанд.
Оқои Давлатов мегӯяд, ки Донишкадаи исломии Тоҷикистон як муассисаи таълими давлатӣ аст ва барои таҳсили ҳар як донишҷӯ меъёри муъайяне аз масоҳати донишгоҳ таъйин шудааст.
Вай афзуд, ки феълан дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон 2058 донишҷӯ дар ҳафт ришта таҳсил мекунанд. Ду нафар аз ин афрод шаҳрвандони Қирғизистон ва Афғонистон будаанд.
Ба гуфтаи оқои Давлатов, дар соли ҷорӣ 560 донишҷӯ ба донишкада пазируфта мешаванд. Ҳарчанд ба Марказии миллии озмун 2400 довталаб барои таҳсил дар ин муассисса асноди худро супурдаанд.
Феълан сохтмони Донишкадаи исломии Тоҷикистон дар канори Маркази исломии Тоҷикистон воқеъ шуда ва мушоҳидаҳо ҳокист, ки теъдоди синфхонаҳо барои таълим дар он андак аст.
Сулаймон Давлатов афзуд, ки фориғуттаҳсилони ин донишкада дар канори иштиғол дар муассисоти мазҳабӣ метавонанд дар сойири корхонаҳо ва созмонҳои ғайридавлатӣ шуғл пайдо кунанд. Зеро донишҷӯён асноди давлатии фориғ шудан аз донишгоҳро дарёфт мекунанд.
Аз сӯйи дигар, оқои Давлатов хабар дод, ки баъд аз имтиҳонот дар Маркази миллии озмун довталабон аз рӯйи риштаҳои мавриди интихоби худ дар сохтмони донишкада мавриди имтиҳони вижаи устодони ин муасисса қарор мегиранд.
Ҳарчанд, ба гуфтаи оқои Давлатов, дар Донишкада низоми вижаи рафтор ва либоси донишҷӯён пазируфта шудааст, вале барои духтарон пӯшидани рӯсарӣ ва барои ҷавонон доштани риш ва салла ҳатмӣ нест.
Ҳамзамон ба гуфтаи ӯ, бахши таълимии донишкада якҷо бо ниҳодҳои интизомӣ пайваста талош доранд, ки муҳассилин аз таблиғи созмонҳои ифротгарои исломӣ эмин бошанд. Ва ба ин далел, то ҳол дар бораи гароиши ҳеҷ як аз донишҷӯёни ин муассиса ба ин гуна созмонҳо гузориш нашудааст.
