Олимҷон Пӯлодов: 'Ҷанг дар Сурия рабте ба ҷиҳод надорад'

  • 7 Август, 2014
ҶиҳодImage copyrightAFP
Image caption Тибқи омори расмӣ, феълан беш аз 200 табаъаи тоҷик дар даргириҳои низомӣ дар кишварҳои хориҷӣ ширкат мекунанд

"Мубориза дар Сурия ба ҷиҳод ҳеҷ рабте надорад. Беҳтар аст, ки дар ватан машғули зиндагии худ бошам."

Ин матлабро Олимҷон Пӯлодов, як сокини 29-солаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки ахиран аз Сурия ба ватан баргаштааст, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигорамон Искандари Фирӯз баён кардааст. Суханони ӯ то андозае таҳрир шудааст.

Ин мусоҳиба бо мусоъидати Алӣ Маҷидов, як корманди пулиси ин ноҳия, анҷом шуд. Ба гуфтаи ӯ, оқои Пӯлодов дувумин фардест, ки аз Сурия баргашта ва худро ба пулис таслим кардааст. Феълан талошҳо барои баргардондани чанд табаъаи дигари тоҷик аз Сурия идома дорад.

Лутфан бигӯед, ки чӣ шуғле доред?

Ман асосан ба киштукор машғул будаму ҳар сол барои дарёфти пули бештар ба Русия барои мардикорӣ мерафтам. Зиндагиям хуб буд. Дар деҳаи Куркати ноҳияи Спитамен ба сар мебарам. Соҳиби хонавода ва як кӯдаки чаҳорсола ҳастам.

Чӣ ҳодиса шуду Шумо озими Сурия шудед?

Даъфаи охир, ки ба Русия рафтам, бо чанд нафар ошноӣ пайдо кардам ва онҳо аз зарурати ширкат дар ҷиҳод дар Сурия бо ман суҳбат карданд. Дертар дарк кардам, ки ин суханонашон дурӯғ будааст. Вале он замон бовар кардаму ба Сурия рафтам.

Нахуст ба Туркия парвоз кардам ва аз он ҷо озими Сурия шудам.

Дар кадом минтақаи Сурия будед?

Дар минтақаи Табқа.

Он ҷо тоҷикони дигар низ буданд?

Ман дар Сурия ҳамагӣ 14 рӯз будам. Вале шунида будам, ки тоҷикони дигар низ ҳастанд.

Моро нахуст ба урдӯгоҳе бурданд, ки дар он ҷо асосан ба таблиғи ҷиҳод машғул буданд. Омӯзиши низомиро бояд дар урдӯгоҳи дигар медидем.

Шароити зиндагӣ дар Сурия чунин буд, ки мо "навхидматон" будем ва касе ба мо худро муъаррифӣ намекард. Бояд муддате сипарӣ мешуд. Вале шунидам, ки дар ин урдӯгоҳ боз панҷ тоҷики дигар низ ҳастанд.

Image copyrightAFP
Image caption Олимҷон Пӯлоlов мегӯяд, ки агар шароити будубош дар Сурия хуб мебуд, шояд вай ҳаргиз ба ватан барнамегашт

Шароити зиндагӣ хеле вазнин буд. Дар як утоқ рӯйи як болини бузург то 20 нафар мехобидем. Ғизое, ки медоданд, дилкаш набуд. Аслан, агар шароит хуб мебуд, шояд ман ба ватан барнамегаштам.

Пас, чиро тасмим гирифтед, ки ба Тоҷикистон баргардед?

Тӯли ду ҳафта ба натиҷае расидам, ки мухолифати низомӣ дар Сурия ҳеҷ рабте ба ҷиҳод надорад. Ва ширкати ман дар ин мухолифат аслан бемаънӣ аст.

Ман ба як нафар дар прокуратураи (додситонии) ноҳияи Спитамен занг задам ва вазъи худро изҳор доштам. Он нафар машварат дод, ки зуд ба ватан баргардам. Пас, ман ба сурати пинҳонӣ озими Тоҷикистон шудам.

Вақте ба Спитамен расидам, ба назди прокурор (додситон) рафтам ва худро таслим сохтам. Он ҷо аз ман забонхат гирифтанд ва барои ба хона рафтани ман иҷоза доданд.

Пулис ва додситонӣ бо Шумо ҳеҷ даъвое надоштанд?

Қоъида чунин будааст, ки агар ман дар Сурия дар набардҳо ширкат накарда бошаму дар Тоҷикистон низ ҷурмеро муртакиб нашуда бошам ва бо таваҷҷуҳ ба таслим шуданам ба ниҳодҳои интизомӣ ман озод шудам.

Ҳоло ба сохтмони манзили худ машғулам. Ман дар хонавода писари севум ва хурдӣ ҳастам ва барои оилаи худ ба манзиле ниёз дорам. Падарам ронандаи комюн асту модарам хонашин.

Шумо гуфтед, ки дар он урдӯгоҳ дар Сурия боз панҷ тоҷики дигар буданд. Оё онҳо ҳам мехоҳанд ба ватан баргарданд?

Он замон ва ҳоло низ бо онҳо иртибот надоштам ва надорам. Ба ин далел, намедонам, ки онҳо чӣ ҳадафе доштанд. Вале як нуктаро дарк кардам, ки аз роҳи ширкат дар ҷиҳод расидан ба ҷаннат ғайримумкин аст.

Ҷаннат ин аст, ки дар оғуши хонаводаи худ бошиву хидмати волидайнро кунӣ. Ҷаннат дар зери пойи модар аст. Ҳоло ҳавлиямро месозаму вақти холиямро бо писарам мегузаронам.

Матолиби муртабит