Додгоҳ занеро барои нигаҳдории ҳайвонот дар манзили шаҳрӣ муҷозот кард
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як сокини пойтахти Тоҷикистонро барои нигаҳдории ҳайвоноти аҳлӣ дар манзили маскуӣ маҳкум ба пардохти ҷарима кард.
Тибқи иттилоъи торнамои ин додгоҳ, ки рӯзи сешанбеи 2 декабр пахш шудааст, Дилором Урунбоева тибқи моддаи 480 қонуни маъмурӣ муқассир дониста шудааст.
Хонум Урунбонва дар манзили маскунӣ воқеъ дар хиёбони Қаҳҳоров машғули парвариши ҳайвоноти аҳлӣ ва мурғҳо буда ва бад ин тарз қонуни “Мақоми пойтахти Тоҷикистон”-ро нақз кардааст.
Дар хабари торнамои ин додгоҳ омадааст, ки хонум Урунбоева “ба содир кардани ин гуноҳи худ иқрор карда” ва қозӣ ӯро ба пардохти 400 сомонӣ ҷарим водор кардааст.
Ин нахустин бор дар панҷ соли ахир нест, ки сокинони шаҳри Душанбе барои парвариши ҳайвонти аҳлӣ дар қаламрави шаҳр муҷозот мешаванд.
Дар баҳори соли 2009 Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон зимни ислоҳи қонун дар мавриди мақоми пойтахти Тоҷикистон нигоҳубин ва парвариши парандагон ва ҳайвононти хонагӣ ба ҷуз аз тутӣ, кабк ва гурбаву сагро дар қаламрави шаҳри Душанбе мамнӯъ карда буд.
Вале дар авохири ин сол намояндагони маҷлиси шаҳри Душанбе тасмим гирифтаанд, ки дар маҳаллоти дур аз хиёбонҳои марказии ин шаҳр нигаҳдории ҳайвонот аҳли муҷоз аст.
Тибқи ин санад нигаҳдории ҳайвоноти аҳлӣ дар маҳаллоти Пахтакор, Сурхоб ва Машъал муҷоз буда ва ин санад мақомоти ин маҳаллотро муваззаф кард, ки қатъаҳои заминро дар ихтиёри довталабон барои бунёди оғили ҳайвонот вогузор кунанд.
