Тағйироти кодрӣ дар шаҳрдории Душанбе

  • 18 Август, 2014
Маҳмадсаид Убайдуллоев Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Убайдуллоев, масъулони шаҳрдориро муваззаф кард, ки барои таъмини бозорҳои шаҳр бо маҳсулоти ватанӣ иқдомоти зарурирро иттихоз диҳанд

Шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи ҳафтаи гузаштаи ин ниҳод раҳбарони ду бахши умдаи шаҳрдориро таъйин кардааст.

Бар асоси қарори вижаи шаҳрдор, Музаффар Исоқов ба симати раиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳрдорӣ таъйин шудааст.

Тибқи хабари иттилоъияи шаҳрдорӣ, ки рӯзи душанбеи 18 август пахш шудааст, ин тасмими Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи рӯзи 16 августи ин ниҳод эълом шудааст.

Оқои Исоқов дар гузашта раҳбарии ширкати давлатии "Тоҷик Эйр"-ро бар уҳда дошт ва дар соли 2012 аз ин симат барканор шуда буд.

Дар он замон коршиносон яке аз далоили барканории оқои Исоқовро мавориди зиёди таъвиқ ва ихлол дар парвозҳои ҳавопаймоҳои ин ширкат арзёбӣ карда буданд.

Ҳамчунин тибқи қарори дигари оқои Убайдуллоев, Толиб Раҳимов ба симати раиси бахши муҳити зисти шаҳрдории Душанбе мансуб шудааст.

Чанде қабл Абдусалим Ҷӯраев, раиси қаблии ин бахш аз ин симат барканор шуда буд ва масъулони шаҳрдорӣ сабаби сабукдӯш шудани оқои Ҷӯраевро бетаваҷҷуҳӣ ба поксозии бамавриди партовгоҳҳои шаҳрӣ унвон карда буданд.

Аз сӯйи дигар дар ҷаласаи ҳафтаи гузашта дар шаҳрдорӣ масоили марбут ба омодагӣ ба таҷлил аз 23-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва 90-умин солгарди таъсиси шаҳри Душанбе баррасӣ шудааст.

Тибқи қарори ин ҷаласа таҷлил аз таъсиси пойтахти Тоҷикистон дар ҳафтаи охири моҳи октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар ду рӯзи аввал, яъне 25 ва 26 октябр нахуст маросими ҷашнгирӣ дар чаҳор навоҳии ин шаҳр доир шуда ва ҳамчунин рӯзҳои 28 ва 29-ум рӯзҳои фарҳангии шаҳри Сантс-Питерсбург дар Душанбе баргузор мегардад.

Барномаи фарҳангиву ҳунарӣ ва корноволи вижае дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо ширкати ҳунармандон ва сокинони шаҳр, ки рӯзи якуми ноябр доир хоҳад шуд, ба ҳафтаи таҷлил аз пойтахт анҷом мебахшад.

Оқои Убайдуллоев, масъулони шаҳрдориро муваззаф кардааст, ки омодагӣ ба ин рӯзҳоро дар сатҳи баланд анҷом диҳанд ва барои таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо маҳсулоти ватанӣ ва бо кайфияти хуб иқдомоти зарурирро иттихоз кунанд.

Ҳамчунин ситоди вижаи ҳамоҳангсози назорат бар тадоркуот таъсис ёфта ва ҳамарӯза масъулони шаҳрдорӣ дар мавриди корҳои анҷомёфта ба масъулон гузориш хоҳанд дод.

Қаблан шаҳрдорӣ барои таҷлил аз таъсиси шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон барномаи се моҳаеро пиёда кард ва дар ҷараёни он бисёре аз сохтмонҳои худсохт ва ғайриқонунӣ дар ин шаҳрро аз миён бурда шуданд.

Матолиби муртабит