Зарбулаҷали шаҳрдор ба масъулони пойтахт

  • 24 Ноябр, 2014
Маҳмадсайид Убайдуллоев Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Убайдуллоев ба муъовинони хеш ва раисони чаҳор ноҳияи шаҳр барои ислоҳи камбудиҳо ҳушдор дод

Шаҳрдори Душанбе барои иддае аз раҳбарони шаҳрдорӣ барои беҳбудии фаъъолиятҳои онҳо дар заминаи омодагии шаҳр ба фасли зимистон зардулаҷал таъин кардаст.

Маҳмадсайид Убайдуллоев ин зарбулаҷалро дар ҷараёни 20-умин маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе, ки дар авохири ҳафтаи гузашта баргузор шудааст, таъин кардааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии шаҳдорӣ, оқои Убайдуллоев фаъъолиятҳои муъовинони хеш ва раисони чаҳор ноҳияи шаҳрро барои омодагии системҳои мухталифи шаҳр ба фасли сармо ғайриқаноаътбахш хондааст.

Оқои Убайдуллоев аз ин масъулон даъват кардааст, ки дар муҳлати як моҳ камбудиҳои мавҷуда дар ин заминаро рафъ кунанд ва фаъъолиятҳои хешро беҳбуд бахшанд.

Шаҳрдори Душанбе, ҳамчунин, аз фаъъолиятҳои раҳбарони бахши мубориза бо фасоди молӣ ва пулиси шаҳр барои мубориза бо раишвахорӣ ва ҷароим ҳимоят кардааст.

Дар ҷараёни ҷаласаи Маҷлиси намояндагони шаҳри Душанбе иддае аз фаъъолони ҷамоъатҳои мухталифи шаҳр низ ширкат карда ва дар ин ҳамоиш Насрулло Хайруллоев, муъовини аввали шаҳрдор аз омодагии шаҳр ба фасли зимистон гузориш додаст.

Дар ҷараёни ин нишаст иддае аз мақомоти шаҳрдорӣ дар мавриди натиҷаи корҳои аҷномёфта гузориш додаанд.

Ҳамчунин, дар ин нишаст гуфта шудааст, ки дар фасли зимистон бо дарназрдошти камбуди гоз ниёзмандиҳои сокинони шаҳр ба нерӯи барқ афзоиш меёбад ва ин омил мунҷар ба изофабории системаи интиқоли барқ дар Душанбе мегардад.

Ба ин далел дар моҳи ноябри соли ҷорӣ, ки ниёзмандӣ ба нерӯи барқ то 13, 5 милён киловот соъат нерӯи барқ расида ва мунҷар ба қатъу васли интиқоли барқ дар бархе аз манотиқи шаҳр шудааст.

Дар ҷаласа аз он изҳори таъассуф шудааст, ки дар соли ҷорӣ кашидани симҳои зеризаминии интиқоли нерӯи барқ танҳо 69 дарсад иҷро шуда ва 75 дарсади сутунҳои чӯбӣ дар шаҳр иваз шудаанд.

Оқои Убайдуллоев масъулони зидахлро дар ин замина муваззаф кардаст, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони ширкати “Барқи тоҷик” дар мӯҳлати боқимонда корҳо барои кашидани симҳои зеризаминӣ ва бунёди сутунҳои интиқоли нерӯи барқро иҷро кунанд.

Шаҳрдори Душанбе масъулони ин ниҳод дар заминаи таъмини гармидиҳӣ дар шаҳрро муваззаф сохт, ки тарҳи системи гармидиҳӣ дар шаҳрро омода ва онро аз тарқи расонаҳо дастрасӣ сокинон кунанд.

Дар ин нишаст дар мавриди захира шудани маводди сӯхтӣ ва зуғолсангу ҳезум барои муассисоти омузишу парвариш, тандурустӣ низ гузориш шудааст.

Матолиби муртабит