Раиси додгоҳи иқтисодии Душанбе дар ришвахорӣ муттаҳам шуд

  • 8 Декабр, 2014
ДастбандҳоImage copyright
Image caption Масъулони ожонсӣ аз боздошти раиси додгоҳи иқтисодии Душанбе хабар додаанд

Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар қиболи раиси додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноиро барои ришвахорӣ боз кардаанд.

Тибқи иттилоъи торнамои ин ниҳод, ки рӯзи душанбеи 8 декабр пахш шудааст, Раҳим Шарифзода барои гирифтани ҳудуди 7 ҳазор дулор аз як сокини шаҳри Душанбе муттаҳам шудааст.

Таҳқиқоти муқаддамотии кормандони ожонсӣ собит кардааст, ки оқои Шарифзода чаҳор ҳазор дулор аз ин маблағро шахсан аз Ф. Соҳибназарова дарёфт карда ва маблағи боқимондаро тавассути ду нафар аз котибони ин додгоҳ дарёфт кардааст.

Дар иттилоъи торнамои ожонсӣ омадааст, ки оқои Шарифзода дар моҳи августи соли ҷорӣ дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ ҳангоми баррасии шикояти оқои Соҳибназаров аз ӯ ҳафт ҳазор дулор талаб кардааст.

Оқои Шарифзода ба вай ваъда кардааст, ки дар изои ин маблағ муҳокимаи додгоҳиро ба суди оқои Соҳибназаров ҳал хоҳад кард.

Кормандони ожонси мубориза бо фасоди молӣ мегӯянд, ки воқеъаи гирифтани ришва дар моҳи сентябри соли ҷорӣ рух дода ва онҳо алайҳи оқои Шарифзода таҳқиқоти парвандаи ҷиноиро тибқи моддаи 319 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне гирифтани ришва идома медиҳанд.

Ҳамчунин алайҳи ду корманди дигари ин додгоҳ бар соси моддаи 36-и ин қонун, яъне ҳамдастӣ дар ҷурм низ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқоти он идома доштааст.

Матолиби муртабит