Даъвои ҳашт нафар аз сокинони Душанбе алайҳи Муаттара Ҷӯраева
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки алайҳи Муъаттара Ҷӯраева, як муҷрии собиқи барномаҳои телевизиюни давлатӣ ҳашт нафар аз сокинони ин кишвар шикоят овардаанд.
Ба гуфтаи кормандони ин ниҳод, хонум Ҷӯраева бо роҳи фиреб аз ин сокинон маблағи ҳангуфтеро гирифта ва аз бозпас додани он худдорӣ кардааст.
Ҳамакнун ин хонум ба занни тақаллуб ё кулоҳбардорӣ муттаҳам шуда ва кормандони ин ниҳод алайҳи ӯ бар асоси моддаи 247-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне иттиҳоми қаллобӣ (кулоҳбардорӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.
Тибқи иттилоъи торнамои ожонс, шикояти се нафар аз сокинон дар ҳоли баррасӣ буда ва таҳқиқоти муқаддамотӣ ситонидани сармоя аз афроди боқимондаро то андозае собит кардааст.
Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотӣ, хонум Ҷӯраева дар моҳи майи соли 2013 манзили Н.Муллоев, сокини шаҳри Душанберо ба гарав монда ва маблағи беш аз 24 ҳазор дулорро қарз гирифта ва барои таъмири тарабхонаи хусусии худ масраф мекунад.
Хонум Ҷӯраева то ҳол маблағи гирифта ва мадорики манзили ин сокинро бознагардонида ва бо ин роҳ ба оқои Муллоев хисороти ҷиддии молӣ ворид кардааст.
Дар иттилоъи торнамои ожонсӣ омадааст, ки рӯзи 15 октябри соли равон кормандони ин ниҳод хонум Ҷӯраеваро боздошт карда ва ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии ожонсӣ ба сар мебурдааст.
Хонум Ҷӯраева, ҳамчунин, ба гирифтани сармояи ҳангуфт аз шаш нафар аз афроди алоҳида ва барнагардондани он муттаҳам шудааст. Вай аз пардохти пул ба як гурӯҳе аз сохтмончиён барои фаъъолияти онҳо дар таъмири тарабхонаи мавсум ба “Сановбар” низ муттаҳам аст.
Ин дар ҳолест, ки пайвандони Муъаттара Ҷӯраева зимни суҳбат бо хабарнигорон иттиҳоми ворида алайҳи вайро бепоя хондаанд. Ба гуфтаи онҳо хонум Ҷӯраева дарвоқеъ маблағеро аз бархе аз сокинон гирифтааст, вале дар бозгардонидани он ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Гуфта мешавад, ки маблағи сармояе, ки хонум Ҷӯраева ба тассаруфи он муттаҳам шудааст, ҳудуди 300 ҳазор дулор баровард шудааст.
Дар миёни сокинони Тоҷикистон хонум Ҷӯраева ба унвони яке аз муҷриёни саршиноси телевизиюни давлатӣ машҳур аст. Вай дар гузашта барномаҳои мухталифи телевизюн, аз ҷумла барномаҳои хабариро, иҷро мекард. Аммо тайи чанд соли ахир хонум Ҷӯраева машғули тиҷорат будааст.
Муъаттара Ҷӯраева дар интихоботи порлумонии соли 2005 аз ноҳияи Ашт ба таври инфиродӣ номзад шуд ва бо Нодирҷон Солеҳҷонов, як фарди дигар аз ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон, ҳизбе, ки ӯ низ узвияташро дорад, вориди рақобат шуд, аммо натавонист баранда шавад.
