Боздошти як сокини Тоҷикистон ба занни қочоқи инсон
Масъулони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини шаҳри Душанбе ба занни қочоқи инсон хабар додаанд.
Торнамои ин ниҳод, зимни пахши иттилоъ дар ин маврид навиштааст, ки ин сокини 28-солаи Душанбе дар ҳамдастӣ бо як фарди дигаре, ки қаблан пулис ӯро боздошт кардааст, як духтари 22-соларо ба роҳи фиреб ба Аморати Муттаҳидаи Арабӣ бурдаанд.
Дар ин хабари пулис, ки рӯзи чаҳоршанбеи 13 август пахш шудааст, омадааст, ки ин афрод бо истифода аз интернет барои ин духтар билети ҳавопаймо харида ва ӯро аз Душанбе ба шаҳри Дубай даъват мекунанд.
Сипас, дар ин шаҳр духтарро, ки низ сокини шаҳри Душанбе будааст, ба афроди мухталиф ба фурӯш монда ва аз ин кор 15 ҳазор дулор ба даст меоранд.
Пулис дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноиро боз ва барои пайдо кардани ҳамдастони дигари ин афрод таҳқиқотро идома медиҳад. Қонуни кайфарии Тоҷикистон барои даст задан ба чунин аъмол аз ду то панҷ сол зиндон пешбинӣ мекунад.
