Абдуфаттоҳи Ғоиб: 'Қудратов мумкин аст аз 5 то 10 сол ба зиндон маҳкум шавад'
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки дар сурати исботи иттиҳомот алайҳи Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони боздоштшуда, мумкин аст вай аз панҷ то даҳ сол ба зиндон маҳкум шавад.
Абдуфаттоҳи Ғоиб ин суханонро дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30 июл дар шаҳри Душанбе доир шуд, эрод кард.
Оқои Ғоиб афзуд: "Мувофиқи моддаҳое, ки мо (иттиҳомотро) ворид кардем, барои Шуҳрат Қудратов аз панҷ то даҳ сол маҳкумият ба зиндон пешбинӣ мешавад. Вай ҳамчунин, тибқи қонун дигар наметавонад кори вакилиро анҷом диҳад."
Ӯ мегӯяд, ки дар оянда муҳокимаи додгоҳӣ дар ин бора доир хоҳад шуд ва гунаҳкор будан ё набудани оқои Қудратов ба уҳдаи додгоҳ аст. Вай афзуд дар ҳоле ки ожонси зиддифасод ахиран як қозии додгоҳи олиро низ ба занни гирифтани ришва боздошт карда буд, аммо расонаҳо дар ин маврид чизе нанивиштаанд.
Аммо ӯ мегӯяд: "Бинед, ки пушти як Шуҳрат Қудратов чи қадар сару садоҳо дорем. Ман бо тамоми масъулиятам ҷавоб мегӯям, ки дар ҳаракатҳои Шуҳрат Қудратов сад дарсад (нишонаҳои) ҷинояти сангин (мавҷуд) аст ва барои ҳамин ӯ дар озодӣ буда наметавонад."
Ба гуфтаи оқои Ғоиб, кормандони ожонси зиддифасод ба он сабаб оқои Қудратовро дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд, ки вай "натавонад бар шоҳидон дар озодӣ фишор оварад." Ӯ мегӯяд, ки ба хотири мухтал нашудани ҷараёни таҳқиқи парванда наметавонад ҷузъиёти онро ифшо кунад.
Аммо ба хабарнигорон ваъда дод, ки баъд аз як моҳ фойли савтиеро, ки гирифтани пул аз муваккилаш аз сӯйи оқои Қудратовро нишон медиҳад, дар ихтиёри онҳо хоҳад гузошт.
Оқои Ғоиб афзуд, ки бисёре аз сокинон аз ин вакили мудофеъ шикоят овардаанд, ки вай аз онҳо барои осон кардани ҳукми додгоҳ пул гирифтааст.
Вай афзуд: "Як соли ахир ҷиноят аз сӯйи адвокатҳо (вакилони мудофеъ) чунон зиёд шудааст, ки соли гузашта 17 мавриди даст задани вукалои мудофеъ ба ҷароим сабт шуда буд. Вале дар шаш моҳи соли ҷорӣ 14 мавриди иртикоби ҷароим аз сӯйи адвокатҳо сабт шудааст."
Оқои Ғоиб мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ қонун дар бораи фаъъолияти вукалои мудофеъ дар Тоҷикистон ислоҳ хоҳад шуд ва тибқи он ҳар вакили мудофеъе, ки собиқаи маҳкумият дорад, иҷозаи дифоъ аз муваккилонро нахоҳад дошт.
Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Шуҳрат Қудратовро субҳи рӯзи душанбеи 21 июл боздошт карданд. Ба гуфтаи як масъули ин ниҳод, оқои Қудратов бар асоси моддаҳои 32, 36 ва 320-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон ба "омодасозӣ ва талош барои иртикоби ҷурм, ҳамдастӣ дар ҷурм ва додани ришва" муттаҳам шудааст.
Аммо бисёре аз коршиносон боздошти оқои Қудратовро ба вакили Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, будани ӯ ва интиқодҳои шадидаш аз ниҳодҳои давлатӣ, бавижа Ожонси зиддифасод, рабт медиҳанд. Вай тайи як соли ахир яке аз се вакили мудофеъи оқои Саидов буд ва аз ӯ дифоъ мекард.
Ӯ дувумин вакили мудофеъи оқои Саидов аст, ки аз сӯйи ин ожонс боздошт мешавад. Дар моҳи марти соли ҷорӣ масъулони ин ожонс Фахриддин Зокиров, яке аз дигар аз вакилони мудофеъи оқои Саидовро, низ ба иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт карда буданд. Ҳоло оқои Зокиров дар боздоштгоҳ ба сар мебарад.
