Масъулони Ожонси зидди фасод бо Низомхон Ҷӯраев 'тамос доранд'

  • 30 Июл, 2014
Низомхон Ҷӯраев Image copyrightBBC World Service
Image caption Бархе аз коршиносони сиёсӣ фирори оқои Ҷӯраевро таҳти суол қарор медиҳанд

Раиси Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ки масъулони ин ниҳод бо Низомхон Ҷӯраев, тоҷири фирории таҳти пайгарди ин ожонс, тамос доранд.

Абдуфаттоҳи Ғоиб дар нишасти матбӯъотии ин ниҳод, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30 июл доир шуд, гуфт, ки оқои Ҷӯраев дар Қирғизистон аст ва масъулон ба дунболи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ҳастанд.

Вай афзуд: "Мо мушаххас кардем, ки вай дар Қирғизистон аст ва бо ниҳодҳои интизомии он кишвар барои бозгардондани Ҷӯраев (ба Тоҷикистон) суҳбат кардем."

Раиси Ожонси зиддифасод гуфт, ки оқои Ҷӯраев ба қайди кафил аз боздошт озод шуда буд, аммо бо судури дастури боздошташ ба таври махфиёна аз кишвар фирор кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон бо таваҷҷуҳ ба иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Ҷӯраев, фирори ӯро зери суол бурда ва мегӯянд, ки хориҷ шудани вай аз Тоҷикистон эҳтимолан "амале тарроҳишуда" аст.

Ин нахустин бор нест, ки Низомхон Ҷӯраев, раҳбари собиқи корхонаи шимиёии шаҳри Исфара ва узви пешини маҷлиси вилояти Суғд, пас аз "фирор" аз Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор мегирад.

Оқои Ҷӯраев, ки аз соли 2007 то 2012 таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт, дар моҳи апрели соли 2012 ба таври шигифтоваре дар Русия ғайб зад ва сар аз Тоҷикистон даровард.

Он замон Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон эълом кард, ки оқои Ҷӯраев худашро ба ин ниҳод таслим кардааст. Тайи ду соли ахир вай таҳти назари Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон буд, ҳарчанд гуфта мешуд, ки ӯ дар озодӣ ба сар мебарад.

Дар авохири моҳи июни соли ҷорӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон оқои Ҷӯраевро муҷаддадан мавриди ҷустуҷӯ қарор дод. Насим Холмуродов, сухангӯйи ин додгоҳ, гуфт, ки оқои Ҷӯраев мебоист 19-уми июни соли ҷорӣ дар як ҷаласаи додгоҳ ҳозир шавад, аммо нашуд.

Оқои Холмуродов дар ин бора гуфт: "Вай ҳатто рӯзҳои дигар низ дар ҷаласаҳо ҳозир нашуд. Ба ин далел, Додгоҳи олӣ таъйинотеро (раъйе) содир кард, ки бар асоси он, ниҳодҳои интизомӣ муваззаф шудаанд ӯро ба таври иҷборӣ дар додгоҳ ҳозир кунанд."

Вакилони мудофеъи оқои Ҷӯраев низ пештар гуфта буданд, ки шумораи телефуни муваккилашон хомӯш аст ва онҳо дар бораи маҳалли будубоши вай иттилоъ надоранд.

Низомхон Ҷӯраев дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 яке аз афроди муътамади Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ, буд. Тӯли солҳои ахир бо иттиҳом ва шаҳодати оқои Ҷӯраев чанд тан аз мақомоти додситонӣ ва пулиси Тоҷикистон зиндонӣ шудаанд.

Дар ҷараёни баррасии парвандаи Зайд Саидов, вазири пешини саноъеи Тоҷикистон низ, ки ба муддати 26 сол равонаи зиндон шуд, исми Низомхон Ҷӯраев садо дода буд. Вай иддиъо карда буд, ки барои оқои Саидов ба манзури хусусисозиикорхонае яксад ҳазор дуллор ришва додааст.

Қазияи Низомхон Ҷӯраев бори нахуст соли 2007, замоне ки таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифт, расонаӣ шуд. Он замон Ожонси мубориза бо фасод парвандаеро таҳқиқ мекард, ки дар он наздикони оқои Ҷӯраев дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва фасод муттаҳам шуда буданд.

Баъд аз ин оқои Ҷӯраев тарки Тоҷикистон кард. Вай 18 августи соли 2010 дар яке аз маҳаллоти шаҳри Маскав аз сӯйи маъмурони пулиси Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуд.

Давлати Тоҷикистон оқои Ҷӯраевро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла қатл, сирқати маболиғ ва таъсиси гӯрӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ мазнун дониста ва хостори истирдоди вай аз Русия шуда буд.

Дар баҳори соли 2012 Низомхон Ҷӯраев аз боздоштгоҳи Русия озод, вале зуд нопадид шуд. Баъд аз муддате шабакаҳои телевизиюнии Тоҷикистон навореро ба намоиш доданд, ки дар он оқои Ҷӯраев аз бозгашти довталабонаи худ хабар дод.

Мақомоти тоҷик дар гузашта оқои Ҷӯраевро дар созмондеҳии терури Толиб Бобоев, муъовини додситони кулли Тоҷикистон дар оғози даҳаи 1990 низ мазнун медонистанд.

Матолиби муртабит