Низомхон Ҷӯраев ҷустуҷӯ мешавад

  • 23 Июн, 2014
Низомхон ҶӯраевImage copyrightBBC World Service
Image caption Низомхон Ҷӯраев аз туҷҷори муваффақи шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешуд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраев, раҳбари собиқи корхонаи кимиёии шаҳри Исфара ва узви пешини маҷлиси вилояти Суғдро муҷаддадан мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст.

Насим Холмуродов, сухангӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 23-уми июн ин хабарро дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ таъйид кард.

Вай гуфт: “Оқои Ҷӯраев бояд 19-уми июни соли ҷорӣ ба ҷаласаи додгоҳ ҳозир мешуд. Вале вай ҳатто рӯзҳои дигар низ ба ҷаласаҳо ҳозир нашуд. Ба ин далел Додгоҳи олӣ таъйинотеро содир кард, ки бар асоси он ниҳодҳои интизомӣ муваззаф шуданд ӯро иҷборӣ ба додгоҳ ҳозир кунанд”.

Оқои Ҷӯраев, ки аз тоҷирони муваффақ дар шимоли Тоҷикистон буд ва гуфта мешавад ба далели рақобатҳои иқтисодӣ миёни гурӯҳҳои қудратманди моливу тиҷорӣ мавриди таъқиб қарор гирифта ва чанде аз афроди наздик ба ӯ ҳоло дар зиндон ба сар мебаранд.

Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон бояд парвандае муҳокима мешуд, ки дар он алайҳи Низомхон Ҷӯраев чанд иттиҳом, назири сӯйистифода аз мансаб ва фасоди молӣ баррасӣ мешуданд.

Қазияи Низомхон Ҷӯраев соли 2010 расонаӣ шуд. Он замон Ожонси мубориза бо фасод парвандаеро таҳқиқ мекард, ки дар он наздикони оқои Ҷӯраев дар таъсиси гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва фасод муттаҳам шуда буданд.

Баъд аз ин оқои Ҷӯраев тарки Тоҷикистон кард. Вай 18 августи соли 2010 дар яке аз маҳаллоти шаҳри Маскав аз сӯйи маъмурони пулиси Русия бо дархости ҷониби Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Давлати Тоҷикистон оқои Ҷӯраевро дар иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла қатл, сирқати маболиғ ва таъсиси гӯрӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳ мазнун дониста ва хостори истирдоди вай аз Русия шудааст.

Ду моҳ қабл Низомхон Ҷӯраев аз боздоштгоҳ озод шуд, вале гузориш шуд ки тибқи як шикояти тоҷиктаборони Русия, ки ӯро дар суиқасд ба ҷони худ муттаҳам карда буд, дубора вориди боздоштгоҳ шудааст.

Дар ниҳоят оқои Ҷӯраев аз боздоштгоҳ комилан озод шуд, вале зуд дубора нопадид шуд. Баъд аз муддате шабакаҳои телевизиюнии Тоҷикистон навореро ба намоиш гузоштанд, ки дар он оқои Ҷӯраев аз бозгашти довталабонаи худ хабар дод.

Мақомоти тоҷик оқои Ҷӯраевро дар созмондеҳии терури Толиб Бобоев, муъовини додситони кулли Тоҷикистон дар оғози даҳаи 1990 низ мазнун медонанд. Бо ин ҳол, бархе аз соҳибназарон таъқиби вайро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Дар ҳамин ҳол, вакилони мудофеъи оқои Ҷӯраев мегӯянд, ки тӯли чанд рӯз аст, ки шумораи телефунии муваккилашон хомӯш аст ва онҳо дар бораи маҳалли будубоши вай иттилоъ надоранд.

Ҳамакнун ин суол низ матраҳ аст, ки чӣ далоиле пеш омада, ки оқои Ҷӯраев нопадид шавад? Зеро дар гузашта вай мукарраран изҳор дошт, ки омода аст дар додгоҳ бегуноҳии худро собит созад.

Зимнан, Низомхон Ҷӯраев дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 яке аз шахсони боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон буд. Тӯли солҳои ахир ба иттиҳом ва шаҳодати оқои Ҷӯраев чанд тан аз мақомоти додситонӣ ва пулиси Тоҷикистон зиндонӣ шуданд.

Дар парвандаи Зайд Саидов, вазири пешини саноъеи Тоҷикистон низ, ки ба муддати 26 сол равонаи зиндон шуд, исми Низомхон Ҷӯраев садо дода буд. Вай иддаъо карда буд, ки барои оқои Саидов яксад ҳазор дуллор ришва додааст.

Матолиби муртабит