Боздошти ду корманди ожонсии мубориза бо фасод барои ришваситонӣ

  • 14 Май, 2013

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди ин ниҳод ба занни гирифтани ришва хабар додааст.

Тавре, ки дар сойти расмии ин ниҳод омадааст, ҷурми ин кормандони ожонс, ки ҳамакнун аз онҳо ба унвони "корманди собиқ" ном гирифта мешавад, дар ҷараёни таҳқиқоти парвандаи ҷиноии Низомхон Ҷӯраев ифшо шудааст.

Дар ин хабар, ки рӯзи сешанбеи 14 май мунташир шуд, омадааст, ки Имом Ғоибов, раиси собиқи идораи таҳқиқотии ожонс ва Одилҷон Очилов, раиси бахши бозрасии ожонс дар вилояти Суғд тибқи моддаи 247-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне тақаллуб ва моддаи 319 –ришваситонӣ муттаҳам шудаанд.

Масъулони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, ки дар робита ба боздошти ду корманд парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва бозрасони ин ниҳод таҳқиқоти онро идома медиҳанд.

Ҳарчанд ожонс дар мавриди замони дақиқи боздошти ин ду корманд иттилоъе пахш накардаанд, вале дар хабар омадааст: "Бо таваҷҷуҳ ба сангин будани ҷиноёти содирнамудаи оқоён Ғоибов ва Очилов, онҳо дар ҳоли ҳозир боздошт шуда ва дар боздоштгоҳи муваққатии ожонс нигаҳдорӣ мешаванд."

Ҳамчунин ҷузъиёти бештаре дар мавриди ришваситонии ин ду корманд дар ин сойт наёмадааст, вале Низомхон Ҷӯраев, ки дар ҷараёни таҳқиқоти парвандаи вай ин ду фард боздошт шудаанд, тибқи моддаи 289 қонуни кайфарӣ, яъне қочоқи коло ва мавод мазнун дониста мешавад.

Оқои Ҷӯраев, ки муддати тӯлонӣ дар хориҷ аз кишвар ба сар мебурд, дар моҳи апрели соли 2012 тавассути шабакаҳои телевизюнии Тоҷикистон аз таслими довталабонаи худ ба мақомот хабар дода буд.

Дар тобистони соли 2102 Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноӣ дар робита бо қазияи Низомхон Ҷӯраевро оғоз кард вале дар мавриди эъломи ҳукми вай иттилоъе пахш нашудааст.

Тибқи иттилоъоти расмӣ дар робита ба парвандаи ҷиноии оқои Ҷӯраев дар Тоҷикистон беш аз 30 нафар, аз ҷумла як қозии Додгоҳи олии ин кишвар боздошт ва зиндонӣ шудаанд.