Додгоҳ як занро барои фурӯши билетҳои тақаллубӣ равонаи зиндон кард
Image copyrightBBC World ServiceДодгоҳи шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар 30 килуметрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе як сокини ин шаҳрро маҳкум ба шаш моҳ зиндон кардааст.
Сойти расмии одгоҳи шаҳри Ваҳдат зимни пахши ин иттилоъ менависад, ин зан корманди бахши фурӯши билетҳо барои ҳавопаймоҳо дар шаҳри Ваҳдат буда ва барои фурӯши билетҳои тақаллубӣ боздошт шудааст.
Таҳқиқоти парванда дар ин замина мушаххас карда, ки вай бо омода кардани се билети тақаллубии ҳавопаймо ҳудуди панҷ ҳазор сомонӣ ба даст оварда ва аст. Ӯ бо ин кирдор ба Ҳусейн Холмуродов, Умедҷон Алимардонов ва Қарахон Зоиров хисороти молӣ ворид кардааст.
Қозии додгоҳи шаҳри Ваҳдат Дилафрӯз Алиеваро тибқи моддаи 67 қонуни ҷазои Тоҷикистон равонаи зиндон кардааст.
Хонум Алиева дар зимистон ва баҳори соли ҷорӣ билетҳои ҳавопайморо ба ин се сокини Тоҷикистон фурӯхта ва дар натиҷа онҳо, ки қасди парвоз ба Русияро доштанд аз фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе бозгардонида шудаанд.
Қозии додгоҳ ҳамчунин Дилафрӯз Алиеваро барои се сол аз ҳаққи фаъъолияти соҳибкорӣ маҳрум кардааст.
Ҳарчанд дар ин хабар дар мавриди чигунагии омода кардани билетҳои тақаллубӣ иттилоъе пахш нашудааст, вале ин нахустин бор аст, ки хабарҳо дар бораи зиндонӣ шудани як сокини Тоҷикистон барои фурӯши чунин билетҳо дар ин кишвар пахш мешавад.
