Боздошти як омӯзгор ба занни озори ҷинсии шогирдаш дар Истаравшан
Кормандони пулис аз боздошти як омӯзгори мактабе ҳамагонӣ ба занни озори ҷинсии як шогирдаш хабар доданд.
Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 28 ноябр зимни пахши иттилоъ дар ин маврид навишт, ки ин воқеъа дар яке аз макотиби ноҳияи Исравшани вилояти Суғд рух додааст.
Пулис ҳувияти ин омӯзгорро ифшо накарда, вале мегӯяд, ки ин мард дар тӯли як соли ахир як шогирди клоси ҳаштуми яке аз макотиби ҳамагонӣ дар ин ноҳияро озори ҷинсӣ мекард.
Пулис мегӯяд, ки кормандони интизомӣ баъд аз амалиёти вижае рафтори ин омӯзгор нисбат ба шогириди 16-солаи мактабро муъайян кардаанд. Кормандони бахши пулис дар ноҳияи Истравшан алайҳи ин омӯзгори 36-сола парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
