Ҳушдори КМИҲ ба хабарнигорон дар мавриди пӯшиши интихобот

  • 16 Декабр, 2014
Кумисиюни интихоботӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ин ҳамоиш масъулони кумисиюн ва намояндагони расонаҳои хабарӣ ширкат карданд

Як узви Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз рӯзноманигорон хостааст, ки дар пӯшиши фароянди муборизоти интихоботӣ ва раъйгирӣ барои интихоботи порлумонии ин кишвар, ки аввали март баргузор мешавад, камоли эҳтиётро ба харҷ диҳанд.

Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва узви Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, дар ҷараёни мизи гирди аъзои ин кумисиюн бо рӯзноманигорон дар бораи наҳваи пӯшиши интихоботи порлумонӣ, ки рӯзи сешанбеи 16 декабр доир шуд, дар ин бора ибрози назар кард.

Вай бо ишора ба ҳаводиси солҳои ахир дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла буҳрони Укройн, аз хатари бурузи нооромиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни интихобот ва баъд аз он ҳушдор дода ва аз рӯзноманигорон хост, ки дар бозтоби масоили интихобот манофеъи миллиро аз манофеъи шахсию гурӯҳӣ болотар гузоранд.

Оқои Сатторов хитоб ба рӯзноманигорон гуфт: "Тавре ки медонед, дар ҷаҳони муъосир чи гуна равандҳо мегузарад. Масалан, Укройнро бибинед. Ҳама чиз аз интихобот сар мешавад. Пеш аз ҳама, сарфи назар аз он ки ба ки таваҷҷуҳ дорем, ба кадом аҳзоби сиёсӣ таваҷҷуҳ дорем, пеш аз ҳама манфиъатҳои миллӣ бояд аз кадом манфиъатҳои гурӯҳӣ ва шахсӣ ва ғаразнок боло истад."

Раиси Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон, ки ҳамзамон молики чанд нашрияи хусусӣ аст, ҳамчунин аз ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва авоқиби он дар ин кишвар ёдовар шуд ва гуфт, ки нахустин шуълаи ихтилофоти ин ҷанг "аз сафаҳоти рӯзномаҳо" сар кашид.

Вай гуфт: "Пеш аз ҳама дар инъикоси интихобот ва дастгирӣ аз ягон аҳзоб шумо бояд ҳамчун шаҳрванд ва журнолист манфиъатҳои миллиро фаромӯш накунед. Хатароти хеле зиёд дар атрофи мо ҳаст. Ҳар як қадами ноҷои мо..., ёд дошта бошед солҳои 90-ро, ҷангу бесарусомонӣ аввал аз саҳифаҳои рӯзномаҳо сар шуд, дашному ҳақорат аз саҳифаҳои рӯзномаҳо сар шуд ва баъд ба хиёбонҳо рехт ва ба ҷанг табдил ёфт."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Сатторов аз расонаҳои хабарӣ даъват кард, ки дар замони пӯшиши интихоботи порлумонӣ фаъъолияти худро дар доираи қонун анҷом диҳанд

Ин суханони оқои Сатторов дар ҳолест, ки бисёре аз рӯзноманигорон аз маҳдудияти густарда дар фаъъолияти рӯзноманигорон ва расонаҳо дар замони омодагӣ ба баргузории интихоботи порлумонии қарибулвуқӯъ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ мекунанд.

Аз ҷумла, тайи моҳҳои ахир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба даҳҳо сойти хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоъӣ, ки аз васоили умдаи иттилоърасонӣ маҳсуб мешаванд, масдуд шудааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгарон, мардуми бештари манотиқи рустоии Тоҷикистон ба манобеъи олтернотиви хабарӣ, аз ҷумла нашрияҳо ва родиюву телевизиюнҳои мустақил дастрасӣ надоранд ва дар инзивои комил ба сар мебаранд.

Фароҳамгарони интернет мегӯянд, ки барои масдудияти сойтҳо ва шабакаҳои хабарӣ аз Идораи иртибототи давлати Тоҷикистон дастур гирифтаанд, аммо масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки дар ин бора хабар надоранд. Ҳарчанд ин ниҳод танзимгари аслии иртиботот дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, аммо то ба ҳол ҳеч иқдоме барои рафъи масдудияти интернет анҷом надодааст.

Наҳваи пӯшиши интихобот

Дар ҳамоиши аъзои Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон бо рӯзноманигорон, ки бо ҳимояти дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Уурупо дар ин кишвар доир шуд, намояндагони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Бархе аз хабарнигорон дар ин ҳамоиш гуфтанд, ки маҳдудияти дастрасӣ ба иттилоъот дар ҳавзаҳо ва қитаъоти интихоботӣ яке аз мушкилоти умдаест, ки дар замони интихоботҳои қаблӣ низ онҳо бо он рӯбарӯ шуда буданд.

Наҷмиддини Шоҳинбод, як рӯзноманигори собиқадор, дар ин нишаст гуфт, ки озод будани харбарнигор ба ҳангоми пӯшиши хабарии ҷараёни муборизоти интихоботӣ ва раъйидиҳӣ дар Тоҷикистон ба суди раванди демукросӣ дар ин кишвар хоҳад буд. Вай пешниҳод кард, ки хуб буд, агар хабарнигорон метавонистанд дар шумориши оро дар марокиизи раъйгирӣ низ ширкат мекарданд.

Ҳамчунин оқои Шоҳинбод гуфт: "Наҳваи пӯшиши хабарӣ ва чи будани воситаҳои хабарӣ ва шеваи сабти ном шуданро ман ва хабарнигорони дигар хуб медонем. Беҳтар мебуд, ки чунин мулоқотҳоро масъулони кумисиюн дар миёни аҳзоби сиёсӣ, дар маҳаллоти интихоботӣ ва бештар барои онҳое, ки феълан вориди интихобот шудаанд, баргузор мекардед."

Ин рӯзноманигори маҳаллӣ афзуд, ки расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон барои пӯшиши масоили интихоботӣ омодаанд, аммо ба ақидаи ӯ, бархе аз масъулони ҳизбҳои сиёсӣ ҳанӯз ба ин тадбир омодагии хуб нагирифтаанд. Вай ба унвони мисол аз масъулони Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ёддовар шуд, ки иттилоъи дақиқе дар бораи шумори аъзои ҳизбашон надоштаанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Шоҳинбод гуфт, хуб буд, агар хабарнигорон метавонистанд дар шумориши оро дар қатъаҳои интихоботӣ низ ширкат мекарданд

Ба навбаи худ, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, ба ширкаткунандагони мизи гирд ваъда дод, ки ин ниҳод пешниҳодҳои онҳоро ба инобат хоҳад гирифт.

Дар ин ҳамош оқои Шоҳиён ба масъалаи таъсиси марокизи раъйгирӣ дар Русия барои муҳоҷирони кории тоҷик ишора кард, ки ахиран ба як масъалаи доғ дар матбӯъот табдил шудааст.

Вай аз ҷумла гуфт: "Ин, ки гӯё шумори шаҳрвандони мо дар Русия як милюн нафар бошад, дуруст нест. Мо иттилоъи расмиро аз вазорати кор дарёфт мекунем. Тибқи иттилоъи мо, дар 11 моҳи соли 2014 аз Тоҷикистон ба Русия 600 ҳазору 29 нафар сафар кардаанд. Аз иёни онҳо 400 ҳазор нафар ба Тоҷикистон бармегарданд. Интихоботи мо 1 март доир мешавад. Бештари муҳоҷирони мо ба таври мавсимӣ дар Русия кор мекунанд ва бо фаро расидани сармо ба ватан бармегарданд ва дар интихобот ширкат мекунанд."

Оқои Шоҳиён ҳамчунин гуфт, ки ҳанӯз ҳеч иттилоъе дар мавриди таъсиси марокизи раъйгирӣ дар Русия дар даст надорад, чун ин масъулияти ин амр ба дӯши вазорати хориҷаи Тоҷикистон аст.

Қаблан бархе аз расонаҳо навишта буданд, ки тибқи муқаррароти ҷадиди қонуни интихобот, ки тобистони гузашта ислоҳ шуд, марокизи раъйгирӣ дар хориҷ аз кишвар танҳо дар намояндагиҳои диплумотики Тоҷикистон таъсис мешаванд. Ва дар Русия се намояндагии диплумотики Тоҷикистон фаъъол аст.

Ҳуқуқи хабарнигорон

Дар ин ҳамоиш масъулони ин кумисиюн иттилоъоте дар бораи шеваи ширкати расонаҳои хабарӣ дар пӯшиши интихоботи порлумонии 1 марти Тоҷикистонро дар ихтиёри хабарнигорон гузоштанд.

Бар асоси муқаррароти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, хабаригорон ҳуқуқи ширкат дар тамоми ҷаласоти ин кумисиюн ва кумисиюнҳо дар вилоёт ва навоҳии мухталифро доранд. Онҳо ҳаққи робита бо номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ва инфиродӣ ва шахсони боэътимоди онҳоро низ доранд.

Расонаҳо метавонанд озодона дар ҳавзаҳо ва қитаъоти интихоботӣ ҳангоми раъйдиҳӣ, шуориши оро ва эъломи натиҷаи онро ҳузур дошта ва метавонанд бо шикоёти вобаста ба нақзи қонун дар ҷараёни интихобот ошно шаванд. Ҳамчунин, натиҷагирии хешро аз баргузории интихобот ва ҷараёни он ба масъулони Кумисиюни интихоботӣ пешниҳод кунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Шоҳиён гуфт, ки пешниҳодҳои хабарнигоронро дар кумисиюн баррасӣ хоҳанд кард

Аммо хабарнигорон ҳақ надоранд, ки ҳангоми раъйдиҳӣ ба утоқҳои алоҳида ворид шаванд ва дар раъйдиҳандагон барои интихоби номзад таъсир расонанд ва ё адабиёти таблиғотиро пахш кунанд.

Ҳамчунин, расонаҳо ва хабарнигорон ҳаққи номзад ё ҳизби сиёсиеро бартар донистан дар ҷараёни раъйдиҳӣ надоранд. Ҳақ надоранд, ки аз раъйдиҳанда суол кунанд, ки ба ҷонибдорӣ аз кадом номзад раъйи худро ба сандуқ рехтааст.

Хабарнигор ҳаққи супурдани баргаи раъй ба раъйдиҳандаро надорад ва наметавонад бо хоҳиши раъйдиҳанда ба барга имзо гузорад ва ҳақ надорад, ки дар шумориши оро дар қитаъоти интихоботӣ ширкат кунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи нозирони интихоботӣ бештари тақаллуб дар шумориши оро сурат мегирад.

Бар асоси муқаррароти ин кумисиюн, родиюҳо ва телевизиюнҳои давлатӣ муваззафанд ба таври ройгон барои таблиғи барномаҳои интихоботии номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ ба муддати 20 дақиқа ва барои аҳзоби сиёсӣ 40 дақиқа вақт ҷудо кунанд. Нашрияҳои давлатӣ низ масъулияти чопи ройгони барномаҳо ва матолиби таблиғотии аҳзоб ва номзадҳои алоҳидаро то ҳашт саҳифа бар уҳда доранд.

Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар панҷ сол як бор баргузор мешавад. Порлумони Точикистон аз ду маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Муҳлати ваколати Маҷлиси Олии Тоҷикистон панҷ сол муқаррар шуда ва дар рӯзи нахусти фаъолияти маҷлис ё порлумони ҷадид поён мепазирад.

Ҷаласоти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба сурати ҷудогона баргузор мешаванд. Аъзои Маҷлиси миллӣ дар як сол дастикам ду маротиба ба ҷаласа даъват мешаванд. Ҷаласоти Маҷлиси намояндагон ба сурати доимӣ баргузор мешаванд.

Дар интихоботи якуми марти соли 2015 41 ҳавзаи интихоботӣ таъсис хоҳанд ёфт ва дар он 22 вакил ба Маҷлиси намояндагон таввасути феҳристҳои аҳзоби сиёсӣ аз ҳавзаи умумӣ ва 41 намоянда тавассути ҳавзаҳои инфиродӣ интихоб мешаванд. Масъулони ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон омодагии худ барои ширкат дар ин интихоботро изҳор кардаанд.

Матолиби муртабит