'Тамаркуз ба зодагони Хатлон' дар феҳристи номзадҳои ҲХДТ
Image copyrightBBC World ServiceАнҷумани Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, 28 нафарро ба унвони номзадҳои интихоботи порлумонӣ шомили феҳристи ҳизбии худ кардааст, ки беш аз ними онҳо зодагони вилояти Хатлон, зодбуми худи раисҷумҳур, ҳастанд.
Қарор аст ин ҳизб 41 нафари дигар аз аъзо ва тарафдорони худро дар ҳавзаҳои якмандатӣ ба интихобот номзад кунад. Дар ин бора Усмони Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳокими халқи демукрот, ба Би-би-сӣ иттилоъ дод.
Анҷумани қабл аз интихоботи ин ҳизб рӯзи шанбеи 13 декабр дар кохи "Ваҳдат"-и шаҳри Душанбе бо ширкати 1200 вакил аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон баргузор шуд. Дарҳои ин анҷуман ба рӯи хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ ва маҳаллии мустақил баста буд.
Дар анҷумани ҳизби халқи демукрот, дар канори масоили марбут ба интихобот, масоили молӣ ва кодрӣ низ баррасӣ шуда ва тағйироте дар симатҳои раҳбарии ин ҳизб сурат гирифтааст. Аъзои анҷуман ҳамчунин барномаи ҷадиди фаъъолияти ҳизбро барои панҷ соли оянда ба тасвиб расондаанд.
Ба гуфтаи оқои Солеҳ, аъзои анҷуман Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари ҳизбро, ки аз авохири соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, дигарбора ба унвон раҳбар интихоб кардаанд. Зимнан, раҳбари ин ҳизб дар ҳар панҷ сол як бор дар анҷумани ҳизбӣ интихоб мешавад.
Дар мақоми муъовини аввали раҳбари ҳизб Саидмурод Фаттоҳзода, мушовири собиқи раисҷумҳур дар умури иҷтимоъӣ, ҷойгузини Сафар Сафаров шуд, ки ба хотири бознишастагӣ аз ин симат канорагирӣ кардааст.
Оқои Фаттоҳзода пештар бо таваҷҷуҳ ба интихоби эҳтимолияш ба муъовинати аввали раҳбари ҳизби халқи демукрот аз симати худ дар дафтари риёсати ҷумҳурӣ канорагирӣ карда буд. Раъно Бобоҷониён аз вилояти Суғд ва Асрор Латифзода ба унвони муъовинони раҳбари ҳизб баргузида шудаанд.
Оқои Солеҳ гуфт, ки аз миёни 28 номзади пешниҳодӣ дар феҳристи ҳизбӣ ёздаҳ нафарро занон ва бахши аъзамеро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо ин ҳол, панҷ нафар аз номзадҳо ҳамин ҳоло ҳам аъзои порлумон буда ва номзадии онҳо аз ҳизби ҳокими халқи демукрот муҷаддадан пешниҳод шудааст.
Ин афрод Хайринисо Юсуфӣ, Низом Қосим, Олимҷон Сафаров, Бибидавлат Афзалшоева ва Дилшод Исматуллоев мебошанд. Бархе аз номзадҳои пешниҳодии ҳизб, аз қабили Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, аз аъзои аршади кобинеи ин кишвар мебошанд.
Абдуҷаббор Азизӣ, ёвари раисҷумҳур дар масоили кодрӣ, Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумитеи дин, Пӯлод Муҳиддиниён, муъовини вазири энержӣ ва захоири об, Қиёмиддин Миралиев, муъовини раиси Кумитеи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, аз ҷумлаи мансабдорони давлатие ҳастанд, ки роҳ ба сӯи порлумон гирифтаанд.
'Тамаркуз ба Хатлон чиро?'
Дар ҳамин ҳол, нигоҳе гузаро ба зиндагиномаи номзадҳои пешниҳодии ҳизби ҳокими халқи демукрот нишон медиҳад, ки 15 тан аз онҳо зодагони вилояти Хатлон, хостгоҳи бештари аъзои давлат, ҳастанд, дар ҳоле ки зодагони ҳамаи манотиқи дигари Тоҷикистон дар маҷмӯъ 13 танро ташкил медиҳанд.
Феҳристи ин ҳизб, ки сойти риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир карда, нишон медиҳад, ки аз миёни номзадҳои пешниҳодӣ се нафар зодаи шаҳри Душанбе, ду нафар аз Бадахшон, чаҳор нафар аз устони Суғд, се тан аз минтақаи Рашт ва як тан аз ноҳияи Ҳисор ҳастанд.
Мунтақидон мегӯянд ин амр баёнгари талоши беш аз пеши табақаи ҳоким ба ҳифзи қудрат дар дасти намояндагони як минтақа ва нишонаи тазъифи ҳокимияти мардум дар Тоҷикистон тайи ду даҳаи ахир аст. Ба гуфтаи онҳо, тамаркуз ба як минтақа 'аз рӯи адолат нест ва ба ваҳдати миллӣ латма мезанад.'
Бо ин ҳол, дар анҷумани ҳизби халқи демукрот, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва раҳбари ин ҳизб, эълом кардааст, ки интихоботи порлумонии аввали моҳи март бо шароиту имконоти баробар барои номзадҳо ва бидуни имтиёз додан ба ҳеч ҳизб ё гурӯҳе баргузор хоҳад шуд.
Вай гуфтааст: "Интихобот дар сурате бо меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин мувофиқат мекунад, ки фаъъолияти ҳамаи ширкаткунандагони он дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва демократӣ сурат гирад... Ман ҳамчун роҳбари давлат борҳо таъкид кардаам, ки дар раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ ба ягон ҳизб, аз ҷумла ба Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон, берун аз муқаррароти қонун ягон имтиёз дода намешавад."
Раиси ҷумҳур ҳамчунин дар анҷумани ҳизбаш аз аъзои ҳизб хостааст, ки аз номи ӯ суиистифода накунанд ва ӯро зиёд таъриф ҳам накунанд, ба ҷойи ин аз шеваҳои муъосир рақобати солим кор гиранд.
Ин суханони ӯ дар ҳолест, ки дафтари риёсати ҷумҳурӣ феҳристи номзадҳои ҳизби ҳокими халқи демукротро, ки ҳовии аксҳо ва зиндагиномаи номзадҳост, дар сойти интернетии худ интишор додааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки сойти риёсати ҷумҳурӣ як сойти давлатӣ аст ва на ҳизбӣ, мунтақидони раисҷумҳур мегӯянд, ки ин иқдом як навъ "суиистифода аз имконоти давлатӣ барои таблиғи аҳдофи ҳизбӣ" аст, ки рақобати солимромиёни аҳзоб зери суол бурда ва бо қавонин муғойират дорад.
Ҳушдор аз хатари ифротгароӣ
Оқои Раҳмон зимни суханронӣ дар анҷумани ҳизбӣ аз таҳдиди ифротгароӣ барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон ҳушдор дода ва гуфтааст, ки таҳти таъсиру пуштибонии доираҳои муъайян "дар баъзе манотиқи ҷаҳон нерӯҳое сар бардоштаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳон оқибатҳои фоҷиъабор доранд."
Вай афзудааст: "Яке аз онҳо давлати ба ном исломии Шому Ироқ мебошад, ки ҳомиёну сарпарастони маънавии он ҷавонони зиёдеро қариб аз 80 кишвари гуногуни олам ба доми ғаразноки худ дароварда, ба ҷангҳои бисёр даҳшатноку ҷоҳилона бар зидди худи мардуми мусулмон сафарбар карда истодаанд."
Оқои Раҳмон аз он ибрози таассуф кард, ки гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом суиистифода мекунанд. Вай гуфт бархе аз ҷавонон, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ширкат доранд, пас аз бозгашт ба ватани худ "барои нооромиҳои иҷтимоӣ замина мегузоранд. Аз чунин ҳолат Тоҷикистони мо низ истисно нест."
Вай аз мақомоти зидахли давлатӣ, падару модарон, аҳолии фарҳангу ҳунар ва созмонҳои маҳаллии ҳизби ҳокими халқи демукрот хост, ки барои пешгирии ифротгароӣ ва терурисм "корҳои таблиғотиро вусъат бахшанд ва ҷавонони раҳгумзадаро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳанд."
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз масъулони созмонҳои маҳалли ҳизбаш тақозо карда, ки равобити худро бо он даста аз аъзои ҳизби халқи демукрот, ки ба унвони муҳоҷир дар Русия ба сар мебаранд, тақвият кунанд, зеро "ҷавонон бештар аз байни онҳо ба узвияти ҳаракату равияҳои экстремистиву ифротгаро, аз ҷумла барои ҷангҳои Сурияву Ироқ ҷалб карда мешаванд."
Оқои Раҳмон таъмини рушди устувори иқтисодӣ, истиқлоли энержӣ, раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, бунёди корхонаҳо ва эҷоди машоғил, таҳкими демукросӣ ва баланд кардани сатҳу сифати зиндагии мардумро аз ҷумлаи аҳдофи барномаи ҳизбаш барои панҷ соли оянда хонда ва гуфтааст, ки Ҳизби халқи демукрот моил аст дар ин муддат сатҳи фақрро дар кишвар то 20 дарсад коҳиш бидиҳад.
Ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон дар соли 1994 таъсис шуда ва ахиран бистумин солгарди худро ҷашн гирифт. Ин ҳизб бо ҳудуди 250 ҳазор узв бузургтарин ҳизби сиёсӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Ҳоло аз 63 курсии маҷлиси суфлои порлумони Тоҷикистон 55 курсӣ ба намояндагони ин ҳизб таъаллуқ дорад.
Мунтақидони ҳизби ҳоким мегӯянд, ки ин ҳизб бо истифода аз қудрат ва нуфузи густардааш дар сохторҳои давлатӣ ва порлумон ва дасткориҳои пайваста дар Қонуни асосӣ ва қавонини марбут ба интихобот шароити рақобати солим миёни аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро аз миён бурдааст.
Шеваи баргузории интихоботҳои гузаштаи порлумонӣ ва риёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон ҳамвора интиқодҳои густардаи нозирони ғарбиро ба дунбол дошта, аммо нозирон аз Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд пайваста аз рақобати баробар ва шаффофият дар ин интихоботҳо гузориш додаанд.
