Ҳушдори Зуҳуров аз эҳтимоли манъи вуруди тоҷикон ба Русия
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳушдор дод, ки барои нокомии муҳоҷирони тоҷик дар додани имтиҳони забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русия ва бозгашти эҳтимолии онҳо ба ватан Вазорати маъориф посухгӯ хоҳад буд.
Шукурҷон Зуҳуров, ки рӯзи ҷумъаи 21 ноябр дар ҷараёни баррасии порлумонии раванди иҷрои “Истротежии муҳоҷирати кории тоҷикон ба хориҷа дар солҳои 2011-2015” суханронӣ мекард, гуфт, ки бар асоси мушоҳидоти солҳои ахир бештари ҷавонон дар манотиқи рустоӣ забони русиро тақрибан балад нестанд.
Оқои Зуҳуров гуфт, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ дар соли гузашта 23 ҳазор тан аз ҷавонони зери синни 18 барои дарёфти кор ба Русия рафтаанд, дар ҳоле ки ба забони русӣ наметавонанд гуфтугӯ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки аз аввали моҳи январи соли оянда ҳар муҳоҷири корӣ ба ҳангоми вуруд ба Русия бояд аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи ин кишвар имтиҳон супорад.
Ӯ гуфт: "Ҷавонон бояд дар мактабҳои ҳамагонӣ забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русияро омӯзанд. Курсҳои кӯтоҳмуддат ин мушкилро ҳал намекунад. Зеро ин гуна курсҳоро солиёна танҳо ҳафт ҳазор нафар хатм мекунанд. Муҳоҷирон бошанд, садҳо ҳазор нафаранд."
Фатҳиддин Исмонов, муъовини вазири маъорифи Тоҷикистон, далели саводи кофии забони русӣ надоштани донишомӯзони тоҷикро ба камбуди омӯзгорони забони русӣ дар мактабҳо марбут хонд. Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди дархостҳои мукаррари давлати Тоҷикистон теъдоди кофии муъаллимони забони русӣ аз Русия ба ин кишвар эъзом карда нашудаанд.
Ба эътиқоди Сумангул Тағойзода, вазири кор, иштиғол ва муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли оянда имтиҳон аз забони русӣ, таърих ва ҳуқуқи Русия ва вуруд ба Русия тавассути гузарномаҳо аз сафари муҳоҷирони кории тоҷик ба ин кишвар ҷиддан монеъ хоҳад шуд.
Ин дар ҳолест, ки дар соли ҷорӣ ҳудуди 200 ҳазор тан аз муҳоҷирони кории тоҷик ба далоили мухталиф, бахусус нақзи муқаррароти қавонини Русия, аз ин кишвар ихроҷ шуда ва 400 ҳазор нафари дигарро хатари манъи вуруд ба Русия таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи хонуми Тағойзода, дар пайи музокироти тӯлонӣ бо мақомоти Идораи муҳоҷирати Русия ҳудуди 70 донишҷӯи тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекарданд, аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар бархурдор шудаанд, аммо дар масъалаи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия пешрафти чашмгире ҳосил нашудааст.
Аъзои порлумон аз фаъъолияти намояндагии Вазорати кору иштиғол ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия интиқод карда ва гуфтанд, ки ин ниҳод дар дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, бахусус мусоъидат ба таъмини кор, кумакҳои ҳуқуқӣ барои рӯёндани ҳаққи кор ва ҳифозат аз муҳоҷирон ба ҳангоми боздошти пулис кӯтоҳӣ доштааст.
Ҳамчунин, ин намояндагӣ натавонистааст ба интиқоли аҷсоди муҳоҷирони тоҷик ба ватан, ки ба далоили мухталиф дар Русия фавт карда ё кушта шудаанд, кумак кунад.
Зимнан, бар асоси дастури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишвар бояд аҷсоди муҳоҷирони тоҷикро ба таври ройгон ба ин кишвар интиқол диҳанд.
Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ аз Русия 670 тобути муҳоҷирони корӣ интиқол дода шудааст, ки дар муқоиса бо арқоми соли гузашта 100 адад камтар будааст.
Асрор Одинаев, раиси ин намояндагӣ, иллати ин амрро ба теъдоди маҳдуди кормандон (12 нафар дар саросари Русия) ва надоштани мақоми вижаи диплумотики ин кормандон марбут хонд. Вай гуфт, ки онҳо дар канори муҳоҷирони корӣ дар Идораи муҳоҷирати Русия сабти ном мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки намояндагии Идораи муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон аз мақоми вижаи диплумотик бархурдор буда ва ин мақом ба онҳо имкон медиҳад ҳама гуна мушкилоти мавҷуда бо вазорату идороти Тоҷикистонро баосонӣ ҳал кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Акрам Амонов, муъовини раиси Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, зимни интиқод аз фаъъолияти намояндагии Вазорати кор, иштиғол ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки кормандони ин ниҳод аз маҳалли ҷалби атбоъи тоҷик ба ҷангҳо дар кишварҳои арабӣ дар шаҳри Маскав хабаре надоранд.
Ба гуфтаи оқои Амонов, аз тариқи масҷиде дар Хиёбони Мири (Сулҳ) ин шаҳр ҷавонони тоҷик барои ширкат дар набардҳои Сурия ва Ироқ ҷалб ва эъзом мешаванд.
Ӯ гуфт, ки то ҳол дар мавриди ширкати 300 тан аз атбоъи тоҷик дар ҷангҳо дар кишварҳои хориҷӣ иттилоъи расмӣ ба даст омада, аммо теъдоди воқеъии ин афрод мушаххас набудааст.
Ин масъули Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон далели ин амрро ба фаъъолияти заъифи ҳукуматҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ҷамоъату ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо, марбут хонд, ки дар бораи ҳузури шаҳрвандони худ дар кишварҳои хориҷӣ иттилоъи мушаххасе надоранд.
Ин дар ҳолест, ки ба иддиъои ӯ, дар кишвари ҳамсояи Узбакистон руасои маҳалла, ҷамоъат, русто, шаҳру ноҳия ва вилоят иттилоъ доранд, ки шаҳрвандони онҳо дар кадом шаҳри Русия ба чи коре машғуланд.
Фаъъолони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ин ишораи як мақоми Кумитеи давлатии амнияти миллиро навъе талош барои бозгашт ба шеваи фаъъолияти ниҳодҳои амниятӣ дар замони шӯравии пешин арзёбӣ карданд, ки он замон сокинон аз кору зандагии ҳамсояҳо ё ҳамкорони худ ба ниҳодҳои амниятӣ иттилоъ медоданд.
Ба гуфтаи ин фаъъолон, ин наҳваи кори ниҳодҳои амниятӣ, ки муғойир бо усули демукросӣ аст, дар Узбакистон ҳифз шуда ва он ба ҳайси як кишвари мустабид ва бо низоми диктотурӣ муъаррифӣ мешавад.
Ҳуқуқдонҳо мегӯянд, ки талоши мақомҳои амниятии Тоҷикистон барои водоштани масъулони ҳукуматҳои маҳаллӣ ба "ҷосусӣ" дар мавриди фаъъолиятҳои рӯзмарра ва сафарҳои так-таки шаҳрвандон як навъ мудохила дар умури хусусии мардум муғоири Қонуни асосии Тоҷикистон аст.
