Тарҳи Қонуни афв дар Шӯрои порлумон баррасӣ шуд

  • 20 Октябр, 2014

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи Қонуни афв, ки субҳи душанбеи 20 октябр аз ҷониби раиси ҷумҳурӣ пешниҳод шуда буд, баррасӣ гардид.

Интизор меравад, ин санади ҳуқуқӣ дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ баррасӣ ва тасвиб шавад.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти порлумон, дар ҷаласаи шӯро тарҳҳои қавонини ворид кардани тағйирот ба қавонини “Қӯшинҳои Вазорати дохила”, “Вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, “Таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ”, “Мубориза бо терроризм”, “Мубориза бо экстремизм” ва санадҳои дигар низ баррасӣ шудаанд.