Қонуни буҷети Тоҷикистон тасвиб шуд

  • 19 Ноябр, 2014
ПорлумонImage copyrightBBC World Service
Image caption Порлумони Тоҷикистон Қонуни буҷети соли ояндаи ин кишварро тасвиб кард

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Қонуни “Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2015”-ро бо аксари кулли оро тасвиб кард.

Мизони буҷети соли ояндаи Тоҷикистон 15,3 милёрд сомонӣ буда, ин рақам дар муқоиса ба буҷети соли ҷорӣ 1,4 милёрд сомонӣ бештар аст.

Тибқи ин санад мизони касри буҷет ним дарсад ё 609 милюн сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки умдатан ба ҳисоби хусусисозии амволи давлатӣ, фурӯши авроқи қиматнок ва бидеҳию кумакҳои билоивази молии хориҷӣ ҷуброн хоҳад шуд.

Абдусалом Қурбонов, вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи чоршанбеи 19 ноябр, тарҳи Қонуни буҷети ин кишвар барои соли ояндаро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, гуфт, чун дар буҷетҳои қаблӣ бахши аслии буҷети соли ояндаи кишвар ба бахши иҷтимоъӣ ихтисос дошта ва барои ниёзҳои ин бахш 7,7 милёрд сомонӣ тахсис хоҳад шуд.

Ба гуфтаи оқои Қурбонов, дар буҷети соли ояндаи Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун 1,6 милёрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса ба сармоягузории ин нерӯгоҳ дар соли ҷорӣ 260 милюн сомонӣ бештар аст.

Ӯ гуфт, ҳамчунин, барои бозсозии нерӯгоҳҳои Норак ва Қайроққум мутаносибан 52,7 ва 20 милюн сомонӣ ва барои эҳдоси хатти интиқоли барқи “CASA-1000” 13 милюн сомонӣ тахсис хоҳад шуд.

Дар буҷети соли 2015 мизони рушди иқтисоди Тоҷикистон 7 дарсад, таваррум 7,5 ва баҳои сомонӣ дар баробари 1 дулори омрикоӣ 5,1 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Бархе аз намояндагони порлумон арқоми пешбинишуда дар ин санадро ғайривоқеъӣ арзёбӣ карданд.

Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон гуфт, дар ҳоле феълан дар бозори асъор арзиши сомонӣ дар баробари 1 дулор 5 сомонию 45 дирам ба фурӯш меравад, баҳои сомонӣ барои соли оянда 5 сомонию 10 дирам дар назар гирифта шудааст.

Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, ба далели авомили хориҷӣ, бахусус, вазъи иқтисоди Русия мумкин аст баҳои сомонӣ дар бозори асъор ҷиддан коҳиш ёбад.

Оқои Ширинов гуфт, агар коҳиши баҳои сомонӣ ба болоравии мизони таваррум мунҷар шавад, аз ҷониби дигар ин амр воридоти маболиғи бештар бо пули миллӣ ба буҷет мусоъидат хоҳад кард.

Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, дар сурати асари манфии авомили хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар ва кунд шудани рушди иқтисод мумкин аст дар соли оянда дар мавриди боло бурдани маош ва нафақа таҷдиди назар шавад.

Матолиби муртабит