Баррасии тарҳи Қонуни буҷети соли оянда дар Шӯрои порлумон
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи Қонуни буҷети ин кишвар барои соли 2014 баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи порлумон, ин санади ҳуқуқӣ дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо ширкати намояндагони вазорату идороти кишвар матраҳ шуда ва дар назар аст, рӯзи чоршанбеи 19 ноябр, Қонуни буҷети соли оянда дар иҷлоси порлумон баррасӣ ва тасвиб шавад.
Ба гуфтаи оқои Султонов, ҳамчунин, Шӯрои Маҷлиси намояндагон тарҳи Барномаи бидеҳиҳои давлати Тоҷикистон дар солҳои 2015-2017 ва Дурнамои сиёсати пулию қарзии ин кишвар дар соли 2015-ро, ки аз ҷониби давлати Тоҷикистон пешниҳод шудааст, барои баррасӣ ба кумитаҳои порлумон ирсол кардааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои порлумон тарҳи Қонуни "Ҳуқуқи кӯдак" ва тарҳи ислоҳи қавонини "Буҷети соли 2014", "Ҳуқувайронкунии маъмурӣ" ва асноди дигари ҳуқуқӣ низ баррасӣ шудаанд.
