Кабирӣ: Қонуни ҷадиди тазоҳурот 'гоме муҳим ба сӯи демукросӣ аст'

  • 12 Ноябр, 2014
КабирӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Кабирӣ аз тасвиби Қонуни ҷадиди “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо” дар порлумон истиқбол кард

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тасвиби Қонуни ҷадиди “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо” дар порлумонро “як гоми муҳим дар ҷиҳати демукротик сохтани ҷомеъа ва танзими баргузории гирдиҳамоиҳо” арзёбӣ кард.

Муҳиддин Кабирӣ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 12 ноябр дар ҷараёни баррасии тарҳи ин санад дар иҷлоси порлумон суҳбат мекард, гуфт, ки бар асоси қонуни ҷадид мақомоти давлатӣ аз баргузории тазоҳуроти осоишта монеъ нашуда, балки ба анҷоми он мусоъидат хоҳанд кард.

Ҳамчунин, мақомоти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки дар сурати мувофиқ набудани маҳалли тазоҳурот ҷои дигареро пешниҳод кунанд.

Ҳамзамон, оқои Кабирӣ гуфт, ки ба иҷрои Қонуни ҷадиди “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо” чандон бовар надорад, аммо умед дорад, чун "байни ин ду мафҳум тавофут ҳаст."

Ӯ гуфт: "Вақти он расидааст, ин ҳаққи қонунии сокинон нодида гирифта нашавад. Бояд фарҳанги баргузор кардани тазоҳурот дар Тоҷикистон рушд кунад. Зеро мамнӯъ кардан роҳи ҳал нест."

Ба гуфтаи оқои Кабирӣ, нукоти тоза дар ин қонун ширкати созмондиҳандаи гирдиҳамоӣ ба ҳангоми баррасии аризаи ӯ маҳсуб мешавад. Яъне, мақомоти давлатӣ дар сурати радди дархости созмондиҳанда бояд илали онро ташреҳ дода ва ба ҳангоми мувофиқ набудани маҳалли баргузории тазоҳурот ҷойи дигареро барои ин тадбир пешниҳод намоянд.

Масалан, бар асоси қонуни қаблӣ дар моҳи июни соли гузашта ҲНИТ хостори баргузор кардани як гирдиҳамоӣ дар назди вазорати адлия ба унвони эътироз ба фишорҳо бар ин ҳизб шуда буд.

Ӯ гуфт: "Посухи шаҳрдории Душанбе мухтасар буду гуфта мешуд, ки иҷоза нест, зеро ин амр хилофи қонун аст. Ташреҳ нашуда буд, ки кадом дархости мо бо кадом қонун мухолиф аст. Ҳатто нусхаи қарор (мусавваба) дар бораи манъи пикетро надоданд. Дар қонуни феълӣ ин чиз ислоҳ шудааст."

Зимнан, тарҳи Қонуни “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо” аз ҷониби гурӯҳе аз аъзои порлумони Тоҷикистон таҳия шуда ва Амирқул Азимов, раиси Кумитеи тартиботи ҳуқуқӣ, дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон ва аз муаллифони ин тарҳ, нукоте аз онро дар иҷлоси порлумон шарҳ дод.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Шабдолов гуфт, ки қонуни ҷадид дасти хориҷиҳоро аз ҳаводиси Тоҷикистон кӯтоҳ мекунад

Ба гуфтаи оқои Азимов, дар қонуни ҷадид ба шаҳрвандон барои баргузории тадобири умумӣ ва озодона баён кардани андешаҳо дар онҳо замонат дода шудаст.

Вай гуфт: "Ҳуқуқ ва масъулияти ташкилкунандагону ширкаткунандагони тазоҳурот, ариза дар бораи гузарондани ин чорабинӣ, риъояти тартиботи ҷамъиятӣ дар он ва муҷозот барои риъоят накардани ин қонун саҳеҳ баён шудааст."

Ҳамзамон, бархе аз аъзои порлумон ба норӯшан будани иддае аз нукоти ин санад ва имкони бардошти нодуруст аз онҳо ишора карданд. Масалан, ба эътиқоди Муҳиддин Кабирӣ, дар ин санад мафҳуми “маҷлис” рӯшан набуда ва маълум нест, ки он шомили маҷолису кунферонсҳои аҳзоби сиёсӣ ҳам мешавад ё хайр.

Назира Ғаффорова, муъовини раиси Маҷлиси намояндагон, зимни ташреҳи ин мафҳум гуфт, ки ин меъёр ба маҷолис, кунферонсҳо ва гирдиҳамоии корхонаҳо, аҳзоб ва созмонҳои динию ҷамъиятӣ, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва ойинномаи онҳо баргузор мешаванд, рабте надорад.

Қонуни қаблии “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо ва роҳпаймоиҳо” рӯзи 23 майи соли 1998 тасвиб шуда ва дар солҳои 2011 ва 2013 ислоҳ шуда буд.

Аз ҷумла, тибқи ин ислоҳот ширкати хориҷиён дар тадобири умумӣ дар Тоҷикистон мамнӯъ шуда ва истифода аз маҳлулҳои оташангез ё ба истилоҳ “куктейли Молотов” ба ҳайси силоҳи оташфишон барои ҳаёти инсон хатарзо маънидод шуда буд. Дар қонуни ҷадид низ ба ҳамин нукта таъкид шудааст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумон, аз мамнӯъ шудани ҳузури атбоъи хориҷӣ дар тазоҳуроту роҳпаймоиҳо дар Тоҷикистон истиқбол карда ва гуфт, ки дар тазоҳуроти солҳои 1990 ва 1992 дар ин кишвар “хориҷиҳо даст доштанд.”

Оқои Шабдолов гуфт: "Тавассути Қонуни ҷадиди “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо” дасти хориҷӣ аз ҳаводиси Тоҷикистон кӯтоҳ мешавад. Маблағи хориҷиҳо низ барои анҷоми ин корҳо ворид шудан наметавонад."

Қонуни ҷадиди Тоҷикистон дар бораи тазоҳуроти гирдиҳамоӣ дар ҳоле тасвиб мешавад, ки як моҳ қабл шуморе аз гурӯҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз ин кишвар эъломи баргузории тазоҳурот карда буданд.

Эътилофи мавсум ба "Тоҷикистони нав", муташаккил аз ҷунбиши "Ватандор", "Гурӯҳи 24" ва ҷунбиши "Ҷавонони тоҷик барои эҳёи Тоҷикистон" эълом карда буданд, ки рӯзи 10 октябр тазоҳуроте эътирозӣ дар пойтахти ин кишвар баргузор мекунанд.

Аммо ин тазоҳурот баргузор нашуд. Бо ин ҳол, нерӯҳои пулиси зиддишӯриши Тоҷикистон рӯзи 4 октябр, шаш рӯз пеш аз ин торих, шабҳангом дар перомуни сохтмонҳои давлатӣ шеваҳои мутафарриқ кардани муътаризонро тамрин карданд ва тайи як ҳафта тадобири амниятии шадиде ба роҳ андохта буданд.

Ин дар ҳолест, ки аз замони оғози ҷанги дохилии Тоҷикистон дар соли 1992 ба ин сӯ, ки Эмомалӣ Раҳмон зимоми қудратро дар даст дорад, ҳеч гуна тазоҳуроти густардаи эътирозӣ дар ин кишвар баргузор нашудааст. Мақомот ба дархости аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ барои баргузории тазоҳурот ва гирдиҳамоиҳои сиёсии мусолиматомез ҳамвора посухи рад додаанд.

Матолиби муртабит