Баррасии тарҳи Қонуни тазоҳурот дар порлумон
Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи Қонуни “Тазоҳурот, ҳамоишҳо ва роҳпаймоиҳо” баррасӣ шудааст.
Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ин қонуни ҷадид буда ва дар ин санад наҳваи баргузории тазоҳуроту роҳпаймоиҳо ва муҷозот барои нақзи меъёрҳои он мушаххас шудааст.
Зимнан, дар моҳи июни соли ҷорӣ порлумони Тоҷикистон ба Қонуни “Маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо” тағйирот ворид карда ва ширкати хориҷиёнро дар ин тадобир мамнӯъ карда буд.
Ҳамчунин, дар ин санад маҳлулҳои оташангез ё ба истилоҳ “коктейли Молотов” ба ҳайси силоҳи оташфишон ва барои ҳаёти инсон хатарзо маънидод шуда буд.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 10 ноябр баргузор шуд, тарҳҳои Қонуни “Иттилоот” ва тағйирот ба Қонуни буҷети соли 2014 низ баррасӣ шудааст.
