Доъиш мардони эзидии як деҳкадаро "қатли ом кард"

  • 16 Август, 2014
ОвораҳоImage copyrightReuters
Image caption Дар Ироқ беш аз 1 милюн нафар овора шудаанд

Гузоришҳо аз Ироқ ҳокӣ аз онанд, ки шибҳнизомиёни тундрави "Давлати исломӣ" (Доъиши собиқ) дар ҳамла ба як русто дар ҳаволии шаҳри Синҷор мардони эзидиро кушта ва занону кӯдаконро ба асорат бурдаанд.

Рӯзи ҷумъаи 15 август гузориш шуд, ки нерӯҳои шибҳнизомии тундрави мансуб ба "Давлати исломӣ" (Доъиши собиқ) бо вуруд ба рустои кучак дар 45 килуметрии шаҳри Синҷор аз мардони эзидии ин деҳкада хостанд "ё ба ислом имон оваранд ё бимиранд."

Ин гузоришҳо теъдоди кушташудагони ин ҳамларо дастикам 80 нафар эълом кардаанд. Мақомҳои Курдистони Ироқ ҳам вуқӯъи ин куштори ҷамъиро таъйид кардаанд.

Пеш аз таъйиди мақомҳои Курдистон, як ниҳоди ҳуқуқи башарӣ дар Вошингтуни Омрико, ки авзоъи эзидиҳои Ироқро пайгирӣ мекунад, аз "қатли ом"-и мардони рустои кучак хабар дода буд.

Ҳамзамон, Омрико мегӯяд, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини ин кишвар пас аз дарёфти гузориш дар мавриди ҳамла ба ғайринизомиён дар ҳаволии рустои Ковҷу ду худрави шибҳнизомиёнро дар ҳаволии ин русто ҳадаф қарор додаанд.

Куштори ақаллиятҳои ғайримусалмон дар Ироқ ба дасти шибҳнизомиёни тундрави суннӣ, ки муддаъии ташкили як давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия ҳастанд, вокунишҳои густардаи ҷаҳониро ба дунбол доштааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъа Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо тасвиби қатъномае хостори инҳилоли гурӯҳи "Давлати исломӣ" ва халъи силоҳи шибҳнизомиёни он шуд.

Ин ниҳод, ҳамчунин, 4 нафарро ба далели басиҷ ё ҳимояти молии ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Ироқ ва Сурия таҳрим кард.

Гурӯҳи шибoнизомиёни "Давлати исломӣ"-и Ироқ, ки яке аз шӯъбаҳои Бонки марказии Ироқро ғорат карда ва як чоҳи нафти ин кишварро дар ихтиёр гирифта пули қобили таваҷҷӯҳе дар ихтиёр дорад, аммо бархе аз кишварҳои ғарбӣ мӯътақиданд ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам барои фаъъолият ба ҳимояти молии хориҷӣ вобаста аст.

Акнун бар асоси қатъномаи Шӯрои Амният ҳар гуна мубодилаи тиҷорӣ бо ҷиҳодиёне, ки дар ҳоли ҳозир кунтрули майдонҳои нафтӣ ва дигар манобеъи нақдинасозро ба ӯҳда доранд, ба масобаи ҳимояти молӣ таҳрим хоҳанд шуд.

Дар қатъноми рӯзи ҷумъаи Шӯрои Амнияти СММ омадааст, "ин шӯро ба шадидтарин шакл иқдомти терруристии гурӯҳи "Давлати исломӣ"ва идеулужии мутаъассиб ва хушунатбори он, ҳамчунин, нақзи густардаи мавозини ҳуқуқи башарро маҳкум мекунад."

Image copyrightAFP
Image caption Рӯзи гузашта ҷангандаҳои Омрико шибҳнизомиёнро ҳадаф қарор додаанд

Ҳамзамон, таҳаввулот дар сохтори қудрат дар Бағдод, пойтахти Ироқ, равзанае аз умед барои инсиҷом дар миёни гурӯҳҳои мухталифи маҳзабии сиёсӣ дар ин кишвар ба вуҷуд овардааст.

Имрӯз раҳбарони қабилаҳои суннӣ дар Ироқ гуфтанд, дар сурати риояти ҳуқуқи сунниҳо омодаи ҳамкорӣ бо Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири ҷадиди Ироқ, ҳастанд.

Шайх Алӣ Ҳотам Сулаймон, раҳбари пурнуфузи қабилаи Далим дар устони Анбори Ироқ, дар як кунфронси хабарӣ хоҳони баргузории ҳамапурсӣ барои эътои худмухтории бештар ба манотиқи суннинишин шуд.

Ӯ, ҳамчунин, хоҳони он шуд, ки манотиқи суннинишин ин ихтиёрро дошта бошанд то барои муроқибат аз худ нерӯи вижае ташкил диҳанд.

Раҳбарони қабилаҳои суннӣ гуфтаанд, тасмим дар бораи мубориза бо нерӯҳои Доъиш баъдан гирифта хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, Оятулло Сиистонӣ, барҷастатарин рӯҳонии шиъаи Ироқ гуфтааст, интихоби нахуствазири ҷадид ва ташкили давлати тоза фурсати нодир барои ҳалли бӯҳрони сиёсӣ ва амниятии Ироқ аст.

Матолиби муртабит