Назарот: Буҳрони Афғонистон ва таъсири он дар минтақа
Image copyrightAFPБархе аз масъулони аҳзоби сиёсӣ ва коршиносони Тоҷикистон мегӯянд ки ифшои мавориди фаровони тақаллуб дар даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон дар вазъи амниятии ин кишвар асароти номатлубе хоҳад гузошт.
Рӯзи гузашта Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон натиҷаи ибтидоии даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишварро эълом кард, ки бар асоси он Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо касби 56,44 дарсади оро барандаи интихобот эълом шуд. Ин дар ҳолест, ки Абдуллоҳи Абдуллоҳ, яке аз ду номзади ин давр, гуфта то "орои пок аз нопок ҷудо нашавад", натиҷаи даври дувуми интихоботро нахоҳад пазируфт.
Номзадҳо барои шикоят аз натиҷаҳои эълоншуда 48 соъат фурсат доранд. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Афғонистон бояд то 22 июли соли ҷорӣ эълон шавад.
Коршиносону соҳибназарони Тоҷикистон ҳушдор доданд, ки дар сурати даст наёфтани ҷонибҳо ба тавофуқ мумкин аст сулҳу сабот дар Афғонистон ба ҳам рехта ва ин амр мунҷар ба даргириҳои қавмӣ шавад.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ:
"Эълони натиҷаҳои аввалияи интихоботи Афғонистон бо ин рақамҳо на танҳо боъиси норизоятии номзади пешсаф дар даври аввал, ҷаноби Абдуллоҳ гашт, балки саволҳоеро дар зеҳни бисёриҳо ба вуҷуд овард. Ҳатто, Омрико, ки душвор аст бигӯем ба дуктур Абдуллоҳ тамоюл дорад, ин рақамҳоро машкук донист ва тақозои бознигарӣ кард. Пас мушкилӣ ҳаст ва набояд дархостҳои номзади пешсаф дар даври аввал нодида гирифта шаванд.
Аммо таъсири манфии бад шудани вазъияти Афғонистон дар минтақа бамаротиб бештар аз он аст, ки тасаввураш мекунем. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти амниятияш, Афғонистон дар минтақаи Осиёи Миёна намунаи хубе буд, ки чигуна метавон мардумсолории воқеъиро ҳатто дар душвортарин ҳолатҳо ҳам ҳифз кард ва барои рушди он талош варзид.
Ҳамагон шефтаи он буданд, ки чигуна ин миллат ва давлат дар бадтарин шароити амниятӣ боз ҳам як ҷомеъаи озод ва гуногунандеш боқӣ мондааст ва озодиву каромати инсониро болотарин арзиш медонад.
Ҳатто , болотар аз амнияту осудагӣ. Афғонистон метавонист ва ҳанӯз ҳам метавонад исбот кунад, ки миллатҳои минтақа метавонанд аз тариқи як интихоботи озод ҳукуматҳояшонро иваз кунанд, қудратро аз як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар бо роҳи мусолиматомез биспоранд. Коре, ки миллатҳои дигари минтақа то ҳол натавонистаанд анҷом бидиҳанд.
Чунин ба назар мерасад, ки баъзеҳо натавонистанд манофеъи мардуми Афғонистонро болотар аз манофеъи гурӯҳӣ ё қавмии худ бигзоранд ва охирин умеди на танҳо мардуми афғон, балки кулли миллатҳои минтақаро бишкананд. Ин ҳадяи хубе мешавад ба гурӯҳҳои ифротӣ, ки ба ягон интихоботу мардумсолори эътиқод надоранд, далелҳои онҳо қавитар аз гурӯҳҳои муътадили сиёсӣ ва мазҳабӣ хоҳад буд.
Аз даст рафтани сабот ва амнияти нисбӣ дар Афғонистон маънии бесаботии кулли минтақаро дорад. Бино бар ин, вазифаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин аст, ки иҷоза надиҳад, то ин кишвар аз нав ба минтақаи даргирии гурӯҳҳо табдил шавад. Бузургтарин хатарро кишварҳои Осиёи Марказӣ эҳсос хоҳанд кард. Роҳи пешгирии буҳрон ҳам танҳо эҳтиром ба раъйи мардум ва таъмини адолат мебошад.
Агар баъзе доираҳои сиёсӣ ва қавмии Афғонистон омода набошанд, ки танҳо ба хотири манфиъатҳои худ ба раъйи мардум эҳтиром бигзоранд, ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои минтақа бояд онҳоро ба ин кор водор бисозанд. Ва исбот намоянд, ки дар паҳлӯи миллати Афғонистон, ҳамчун як миллати озода ва соҳибкаромат ҳастанд, на гурӯҳе е қавме аз он. Зеро, сабот ва оромиши кулли минтақа аз як тараф ва аз байн рафтани ормони миллатҳои минтақа барои расидан ба як мардумсолорӣ зери хатар қарор гирифтааст."
Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот:
"Имкони таҷзияи Афғонистон ва ба ду кишвар ҷудо шудани онро баъид медонам. Таърих гувоҳ аст, ки новобаста аз бархурду мухолифатҳо ҷонибҳо якпорчагии кишварро ҳифз кардаанд.
Ба назари ман, дар шароити феълӣ имкони созиш вуҷуд дорад. Аввал, раиси ҷумҳурии мунтахаб мумкин аст курсиҳоеро дар давлати ҷадид дар ихтиёри намояндагони тими дуктур Абдуллоҳ гузорад.
Дувум, тими оқои Абдуллоҳ аз натоиҷи интихобот бо ироаи далоили муҳкам ва шавоҳид ба додгоҳ ва ниҳодҳои СММ шикоят барад.
Мумкин аст, дар эътироз ба натоиҷи интихобот тазоҳуроти густарда сурат бигирад. Аммо кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, СММ, Омрико алоқаманд ҳастанд, ки дар ин кишвар сулҳу сабот мустақар бошад. Дар ғайри ин сурат, амнияти минтақа зери хатар меравад. Итминон дорам, ки бо миёнҷигарии СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ мушкил аз роҳҳои мусолиматомез ҳал мешавад."
Султони Ҳамад, таҳлилгари масоили Афғонистон:
"Вокуниши тими номзадҳо дар даври дувуми интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон ба эъломи натоиҷи ибтидоии интихобот ҳокист, ки ҷониби ба истилоҳ мағлуб натоиҷи интихоботро қабул надорад.
Абдуллоҳи Абдуллоҳ, яке аз ду номзади ин давр, расман эълом карда, ки то мавориди тақаллуб дар интихобот рафъ нашавад, натиҷаи даври дувуми интихоботро нахоҳад пазируфт.
Аз ин лиҳоз, чунин ба назар мерасад, ки натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар вазъи амниятии Афғонистон таъсироти манфӣ хоҳад гузошт.
Бо таваҷҷуҳ ба он ки бештари аъзои тими Абдуллоҳи Абдуллоҳ муҷоҳидони собиқ ҳастанд, мешавад ҳадс зад, ки тарафдорон гурӯҳи ҷунбиши Толибон дар Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт.
Яъне, боварии ин мардум ба арзишҳои демукросӣ дар Афғонистон коҳиш ёфта ва ҷонибдорони сиёсати Толибон бештар хоҳад шуд."
Қосимшоҳ Искандаров, коршиноси мунозеъоти минтақаӣ:
"Ба фикри ман, дар мавриди эъломи натоиҷи интихобот як навъ шитобзадагӣ сурат гирифт. Дуруст аст, ки тими Ашрафғанӣ Аҳмадзай муддаъӣ аст, ки бояд эъломи натоиҷи муқаддамотии интихобот тибқи қонун, тақвим ё ҷадвал дар замони муқаррар эълом шавад.
Аммо дар шароити Афғонистон ва беэътимодие, ки дар ҷомеъаи ин кишвар вуҷуд дорад, бояд эъломи натоиҷи интихобот барои чанд рӯзи дигар ба таъвиқ меуфтод.
Тими Абдуллоҳи Абдуллоҳ иброз дошта, ки дар интихобот мавориди фаровони тақаллуб ҷой дошта ва онҳо бо шавоҳиду наворҳои видеуӣ мехостанд ин маворидро собит кунанд.
Нозирони хориҷӣ ва ҷаноби Нуристонӣ, раиси Кумисиюни мустақилли интихоботи Афғонистон, низ эътироф доштанд, ки дар интихобот тақаллуби зиёде сурат гирифтааст.
Аз ин лиҳоз, барои таҳқиқи мавориди тақаллуб фурсате лозим буд ва дар эъломи натоиҷи муқаддамотӣ набояд шитобзадагӣ сурат мегирифт.
Агар бо шитобзадагӣ натоиҷ эълом намешуд, роҳи созиш вуҷуд дошт. Зеро Ашрафғанӣ Аҳмадзай низ хостори таҳқиқи мавориди тақаллуб шуда ва дуктур Абдуллоҳ низ чунин тақозо дорад. Дар сурати созиш дар ин замина ҳеч шакку шубҳае дар машрӯъияти раиси ҷумҳурӣ боқӣ намемонд. Тиме, ки ба пирӯзии худ бовар дорад, аз тафтиши раъйҳо ҳеч наметарсад.
Феълан вазъият дар Афғонистон ба вахомат гиройида ва беэътимодӣ дар миёни мардум афзоиш ёфтааст. Шаби гузашта, билофосила пас аз эъломи натоиҷи интихобот, дар шаҳри Кобул тазоҳуроти эътирозии густардае сурат гирифт.
Вокуниш ба натоиҷи интихобот хеле нигаронкунанда аст. Тими дуктур Абдуллоҳ мегӯяд, ки натоиҷи интихоботро ба ҳеч ваҷҳ эътироф намекунад ва як ҳукумати мувозӣ (олтенотив) месозад.
Имконе вуҷуд дорад, ки дар сурати ба таҳкими ваҳдату сулҳ мусоъидат накардани интихобот хатари таҷзияи Афғонистон вуҷуд дорад."
Ҳикматуллоҳи Сайфуллозода, таҳлилгари масоили сиёсӣ:
"Амруллоҳи Солеҳ, як узви ситоди Абдуллош, гуфта, ки ба ҳеч сурат таъаҳҳуд дар бораи сулҳу саботро нақз нахоҳем кард. Аммо ӯ натоиҷи интихоботро дар баробари иродаи миллат кудето номидааст. Вақте чунин ҳарф аз забони як узви аршади ситоди дуктур Абдуллоҳ садо дод, метавон нигарон шуд, ки сабот зери хатар хоҳад рафт.
Дӯстони ман дар шаҳри Кобул иброз доштанд, ки имрӯз ва фардо гузинаҳои нави хешро эълом медоранд, ки шояд бозшумории орои ҳавзаҳои машкук аз ҷумлаи онҳо бошад. Райъҳои поку нопок мушаххас шавад. Онҳо намегӯянд, ки поксозӣ ба нафъи мост. Танҳо мехоҳанд раъйҳои нопок ҷудо шавад.
Якравии Ашрафғанӣ Аҳмадзай дар мавриди бозшумории раъйҳои ҳавзаҳои машкук хуб нест. Дар масоили баҳснок бояд аз гузашт истифода шавад."
