Абдуллоҳ: Натоиҷи интихоботро қабл аз баррасии орои машкук намепазирам

  • 6 Июл, 2014
Абдуллоҳ АбдуллоҳImage copyrightAFP

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз ду номзади даври дувуми интихоботи раиси ҷумҳури Афғонистон дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки агар натоиҷи ибтидоии интихобот қабл аз баррасии он чӣ ӯ ороъи машкук мехонад, эълом шавад, барои ӯ қобили қабул нест.

Ин дар ҳоле аст ки Юсуфи Нуристонӣ, раиси кумиссиюни интихобот ба расонаҳо гуфтааст, натоиҷи ибтидоии интихобот фардо эълом хоҳад шуд.

Тими "Таҳаввул ва тадовум" ба раҳбарии Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, номзади дигари ин даври интихобот аз ин тасмими кумиссиюн истиқбол кардааст.

Оқои Абдуллоҳ гуфт, ки мо дар рӯзҳои гузашта дари музокираро боз гузоштем. Рӯзи ҷумъа музокирот дар ду сатҳи фаннӣ ва сиёсӣ оғоз шуд.

Оқои Абдуллоҳ афзуд, ки ӯ хоҳони тафтиши раъй дар Кобул, пойтахти Афғонистон таҳти назорати намояндаҳои тими худаш ва нозирини байналмилалӣ аст.

Абдуллоҳ гуфт: Шохисҳоеро, ки мо пешниҳод кардем ба нафъи ин ё он номзад нест, мо масалан мехоҳем, ки ҳар сандуқе, ки болотар аз 93 дарсади раъй ба як номзадро дошта бошад, тафтиш шавад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт: "Як бори дигар дар ин маҷлис таъаҳҳуд мекунам, ки аз орои поки мардуми Афғонистон дифоъ хоҳам кард ва аз бархурди масъулонаи мо ин гуна таъбир нашавад, ки дар баробари орои поки мардум бетафовутӣ мекунем."

Тими "Таҳаввул ва тадовум" мегӯяд, ки назар ба ҷадвали замонӣ кумиссиюни интихобот бояд дар эълони натоиҷ таъхир накунад ва рӯзи душанбе бояд натоиҷи ибтидоиро эълом кунад.

"Иқомаи даъво"

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки алайҳи Зиёулҳақ Амархел, раиси пешини дабирхонаи Кумиссиюни мустақили интихобот иқомаи даъво кардааст, то ӯ таҳти пайгардҳои адлӣ ва қазоӣ қарор бигирад.

Ба дунболи интишори як фойли савтӣ аз суи ситоди интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, номзади муътаризи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва эътирозоти хиёбонӣ оқои Амархел истеъфо дод.

Оқои Абдуллоҳ дар мавриди оқои Амархел гуфт: "Дар баробари хиёнате, ки амниятии миллии Афғонистонро ба хатар мувоҷеҳ сохта, сарнавишти мамлакатро ба хатар мувоҷеҳ сохта ва имкони як буҳронро дар ин кишвар мусоъид сохта, бояд ҷавобгӯ бошад."

Мавзеъгирии ҷомеъаи байналмилалӣ

Оқои Абдуллоҳ аз мавзеъгирии рӯзҳои ахири ҷомеъаи байналмилалӣ истиқбол кард.

Дар ҳамини ҳол Карл Лиюн, сенотури демукроти омрикоӣ, ки барои ҳалли буҳрони интихоботии Афғонистон ба Кобул рафтааст, мегӯяд, ки ҳарду номзади раёсати ҷумҳурӣ итминон додаанд, ки пас аз поёни баррасиҳои ҳамаҷониба натиҷаи интихоботро мепазиранд.

Вай ҳамчунин таъкид кард, ки натиҷаи ибтидоӣ барои эътибор бахшидан ба раванди интихобот эълом мешавад.

Матолиби муртабит