Раиси дабирхонаи кумиссиюни интихобот истеъфо кард

  • 23 Июн, 2014
Image copyrightBBC World Service

Зиёулҳақ Амархил, раиси дабирхонаи кумиссиюни интихоботи Афғонистон, аз симати худ дар ин кумиссиюн истеъфо кард. Оқои Амирхил дар як кунфронси хабарӣ гуфт, ӯ ба хотири эътимодсозӣ ва берун кашидани раванди интихобот аз бунбаст истеъфо кардааст.

Оқои Амархил аз сӯйи Абдуллоҳи Абдуллоҳ, яке аз ду номзад дар даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, ба "даст доштан дар тақаллуб" муттаҳам шудааст.

Аммо оқои Амархил гуфт ӯ ҳамаи иттиҳомоти ворида алайҳи худро рад мекунад, вале ба хотири эътимодсозӣ ва наҷоти интихобот ба унвони як раванди миллӣ аз симати худ истеъфо медиҳад.

Абдуллоҳи Абдуллоҳ борҳо аз Ҳомиди Карзай хоста буд оқои Амархилро барканор кунад, аммо оқои Карзай чунин пешниҳодеро напазируфт.

Матолиби муртабит