Эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ба таъвиқ афтод

  • 1 Июл, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Бо баргузории даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ тарафдорони оқои Абдуллоҳ кумиссиюни интихоботи ин кишварро муттаҳам ба тақаллуб ва тарафдорӣ аз номзади дигаре карда ва чандин бор ба роҳпаймоии эътирозӣ пардохтааст.

Кумиссиюни мустақили интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом кард, ки ба далели баррасӣ ва бозшумории ду ҳазор маҳалли раъйгирӣ натоиҷи даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки қарор буд фардо, чаҳоршанбеи 2 июл, эълом шавад, барои муддате ба таъвиқ афтодааст.

Шарифа Зарматӣ Вардак, узви кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ба Сафиуллоҳ Аминзода, хабарнигори Би-би-сӣ гуфт, ки дар нишасти имрӯзи кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон тасмим гирифта шуд, ки ҳудуди ду ҳазор маҳалли раъйгирӣ бори дигар баррасӣ ва бозшуморӣ шавад.

Ӯ афзуд, ки баррасии ин маҳаллоти раъгирӣ то поёни ҳафтаи ҷорӣ замон хоҳад бурд ва натоиҷи аввалия рӯзи чаҳоршанбе эълом нахоҳад шуд.

Хонуми Вардак дар посух ба ин суол, ки бозрасӣ ва бозшуморӣ бар асоси тақозои номзади мушаххас анҷом шуда, гуфт, ки ин кор бар асоси тақозои ҳеҷ кас ва ё ниҳоде анҷом нашуда ва кумиссиюн худ дар бораи бозшумории маҳаллоти раъйгирӣ тасмим гирифтааст.

Ин узви кумиссиюни интихобот таъкид кард, ки бо таваҷҷуҳ ба шакҳое, ки кумиссиюни интихобот дар бораи баъзе аз маҳаллоти раъйгирӣ дошт, барои бори дувум иқдом ба бозрасии ин ду ҳазор марказ кардааст, ки метавонад бар теъдоди ороъ низ таъсиргузор бошад.

Ӯ вуҷуди ҳар гуна тасмими сиёсиро дар ақаби таъхири эъломи натоиҷи интихобот рад кард ва гуфт, ки далели аслии таъвиқи натоиҷ далели фаннӣ будааст.

Ӯ таъкид кард, ки кумиссиюн то кунун ба ҳеҷ ниҳоде иҷоза надодааст, то дар раванди кори фаннии кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон мудохила кунад.

Ситоди интихоботии оқои Абдуллоҳ мегӯяд, ки кумиссиюни интихобот дархостҳои ононро, ки шомили сездаҳ маврид дар робита бо "авомили тақаллуб" ва "замина барои тақаллуб тавассути кумиссиюни интихобот" буда, напазируфтааст.

Аммо кумиссиюни мустақили интихобот таъкид дорад, ки хостаҳои ситоди интихоботии оқои Абдуллоҳ бароварда шуда ва далели дигаре барои эътироз боқӣ намондааст.

Барои ҳалли ҷанҷолҳои интихоботии миёни тими интихоботии оқои Абдуллоҳ ва кумиссиюни мустақили интихобот намояндагии Созмони Милал дар Афғонистон подармиёнӣ кард.

Ин гуфтугӯҳо ҳанӯз ҷараён дорад, аммо ба натиҷаи хосе нарасидааст.

Бар асоси ҷадвали замонии интихобот, натиҷаи ибтидоии интихобот бояд ба таърихи 2 июл эълом шавад.

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, низ эълом карда, ки қудратро дар рӯзи панҷқми Иди Фитр ба раиси ҷумҳури баъдӣ хоҳад супурд.

Матолиби муртабит