Карзай: Қудратро дар рӯзи панҷуми иди Фитр ба раиси ҷумҳури ҷадид месупорам
Image copyrightBBC World ServiceҲомиди Карзай, раиси ҷумҳурии Афғонистон, гуфтааст, ки тамоми талошро ба кор хоҳад бурд, то интиқоли қудрат ба раиси ҷумҳури ояндаи ин кишвар дар рӯзи панҷуми иди Фитр сурат гирад.
Дар эъломияе, ки аз сӯйи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон мунташир шуда, омадаст, ки оқои Карзай рӯзи гузашта дар дидор бо аъзои Ҳизби миллати муттаҳиди Афғонистон гуфтааст, ки талош хоҳад кард роҳ барои таҳаққуқи демукросӣ дар ин кишвар ҳамвор шавад ва ниҳодҳои интихоботӣ битавонанд мутобиқи қонун раиси ҷумҳури ҷадидро муъаррифӣ кунад.
Ин эъломия афзудааст, ки оқои Карзай тазоҳуроти эътирозомези рӯзи ҷумъаи гузашта дар наздикии кохи раёсати ҷумҳуриро намоёнгари пухтагии демукросӣ дар ин кишвар донистааст.
Ба навиштаи эъломияи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, оқои Карзай гуфтааст: "Тазоҳуроти эътирозомез дар наздикии арг, ки ҳама ақшор ва мардуми Афғонистон ба шумули шахсиятҳои барҷаста, аз ҷумла бародари ман ва шумори дигаре аз мардуми Афғонистон дар он иштирок доштанд, нишонаи бузурги комёбии мардуми Афғонистон аст, ки низоми демукросӣ дар кишвар оҳиста-оҳиста ба пухтагӣ мерасад."
Рӯзи ҷумъа ҳазорон тан аз ҳаводорони Абдуллоҳи Абдуллоҳ, яке аз ду номзади даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар эътироз ба он чи ки "тақаллуби густарда ва созмонёфта" дар ин интихобот мехонданд, дар Кобул даст ба роҳпаймоии эътирозӣ заданд.
Оқои Карзай ҳамчунин гуфтааст, ки дар рӯзи баргузории интихобот дар тамоми ҷаҳон мушкилоте вуҷуд дорад, вале Афғонистон ба тарафи пешрафт ва тараққӣ дар ҳаракат аст ва имрӯз алоими онро метавон дид.
Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 14 июн - 24 хурдод баргузор шуд, вале фақат чаҳор рӯз баъд аз баргузории интихобот оқои Абдуллоҳ эълом кард ба далели ин ки кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ба хостаҳои тими ӯ посухи муносибе ироа накардааст, ин тим тамомии равобити худро бо кумиссиюни интихобот ба ҳолати таълиқ дармеоварад.
Оқои Абдуллоҳ ниҳодҳои баргузоркунандаи интихоботро муттаҳам ба даст доштан дар "тақаллуби созмонёфта" ба нафъи рақиби интихоботии худ кард.
Аммо Ашрафғанӣ Аҳмадзай, номзади рақиби оқои Абдуллоҳ дар даври дувуми интихоботи раёати ҷумҳурии Афғонистон авохири ҳафтаи гузашта ин иддаъоҳоро рад кард ва гуфт орое, ки ба ӯ дода шуда, "орои пок" аст.
Ҳарчанд сухангӯйи кумиссиюни интихоботи Афғонистон дирӯз эълом кард, ки ҳар се шарти оқои Абдуллоҳ барои пайвастани дубора ба раванди интихобот пазируфта шуда, аммо ситоди Абдуллоҳи Абдуллоҳ мегӯяд, ки то кунун ҳеч мадраке ба ситоди Ислоҳот ва ҳамгироӣ ироа нашудааст.
Дар ҳоли ҳозир раванди шумориши орои даври дувуми интихобот идома дорад ва қарор аст, ки натоиҷи аввалияи он рӯзи чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ эълом шавад.
Натиҷаи ниҳоии ин давр аз интихобот баъд аз расидагӣ ба шикоятҳои матраҳшуда дар таърихи 22 июл - 31 тир эълом хоҳад шуд.
