Натоиҷи ибтидоии даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом шуд

  • 7 Июл, 2014
Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ Image copyrightAFP
Image caption Тимҳои ҳар ду номзад Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай пеш аз эъломи натоиҷ худро пирӯзи интихобот хондаанд

Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар авҷи ҷанҷолҳои интихоботӣ натиҷаи ибтидоии даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро эълом кард.

Юсуфи Нуристонӣ, раиси Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон ҳангоми эъломи натоиҷи ибтидоии интихоботи бисту чаҳоруми ҷавзо/хурдод (15 июн) гуфт: "Аз маҷмуъи ҳудуди 8 миллиюни раъй , Ашрафғанӣ Аҳмадзай 4 485 888 раъй ё 56,44 дарсад ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ 3 461 639 раъй ё 43,56 дарсади ороро ба даст оварданд."

Натоиҷи ибтидоии даври дувуми интихобот дар вазъияте эълом мешавад, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз ду номзади ин давр гуфта то "орои пок аз нопок ҷудо нашавад", натиҷаи даври дувуми интихоботро нахоҳад пазируфт.

Оқои Абдуллоҳ тими рақиби худро муттаҳам ба "тақаллуби густарда ва созмонёфта" дар даври дувуми интихобот карда ва хоста, ки орои марокизи машкук (маҳаллоти бо беш аз 595 раъй ва маҳаллоте, ки орои занон нисбат ба мардон дар он зиёд аст), ки шомили беш аз ду миллиюн раъй аст, тафтиш ва бозшуморӣ шавад то натоиҷи интихоботро қабул кунад.

Гурӯҳи интихоботии Ашрафғанӣ Аҳмадзай, аммо гуфта, ки орои онҳо пок аст ва барои эъломи натоиҷи даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ лаҳзашуморӣ намекунанд.

Дар даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки дар шонздаҳуми ҳамали (5 апрел) имсол баргузор шуд, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо 45 дарсади раъй ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай бо 31,56 дарсади раъй ба даври дувум роҳ ёфтанд.

Бо ба таъвиқ афтодани замони эъломи натоиҷи ибтидоӣ дар чаҳор рӯзи гузашта тимҳои интихоботии ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон "Ислоҳот ва ҳамгараъйӣ" ва "Таҳаввул ва тадовум" то нимаҳои шаби гузашта ҷаласа доштанд ва дар мавриди орои машкуки даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баҳсҳои давомдор сурат гирифт.

Ҳанӯз ҷузъиёти дақиқе дар мавриди натоиҷи ин нишастҳо мунташир нашуда, аммо аъзои ҳар ду ситоди интихоботӣ ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки нишастҳояшон дар сутуҳи мухталиф то баъд аз зуҳри имрӯз, душанбеи шонздаҳи тир/саратон (7 июл) идома доштааст.

Натиҷаи даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба асоси ҷадвали баргузории интихобот бояд чаҳоршанбеи ҳафтаи пеш, ёздаҳуми саратон (2 июл) эълом мешуд, аммо кумиссиюни интихобот ба далели мушкилоти фаннӣ натавонист онро ба мавқеъ эълом кунад.

Кумиссиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ гуфта, ки таъхир дар эъломи натоиҷи ибтидоӣ метавонад кори расидагӣ ба шикоятҳо дар мавриди натоиҷи ибтидоиро мутаассир кунад.

Он гуна ки интизор меравад, натоиҷи ниҳоии даври дувуми интихобот дар 31 тир/саратон (22 июл) эълом хоҳад шуд, аммо агар расидагӣ ба шикоятҳо замони бештаре бигирад, эҳтимол дорад, ки натоиҷи ниҳоӣ низ бо таъхир эълом шавад.

Матолиби муртабит