Кушта шудани ду муъовини раиси донишгоҳи фанноварӣ дар сонеҳа
Image copyrightBBC World ServiceВазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани ду муъовини Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон ба номи Осимии ин кишвар дар сонеҳае дар ноҳияи Варзоб дар ҳумаи шаҳри Душанбе хабар додааст.
Тибқи хабари торнамои пулиси тоҷик, ки рӯзи якшанбеи 25 май мунташир шудааст, ин сонеҳа, соъати 14:20 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар 47-уми килуметри роҳи Душанбе- Варзоб рух дода ва ду нафар аз мусофирони худрав аз он ҷон ба саломат бурдаанд.
Дар ин воқеъа худрави тамғаи “ГАЗ-3102”, ки Умед Бақоеви 24-сола онро ронандагӣ мекард, дар ин қисмати роҳ ба рӯдхонаи Варзоб сарозер мешавад ва дар натиҷа, ду муъовини Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва як сокини дигари шаҳр дар ин сонеҳа ҷони худро аз даст медиҳанд.
Бар асоси хабари пулис, ҷасади Абдуққаҳор Турсунов, яке аз муъовинони ин донишгоҳ дар рӯдхона мафқуд шуда ва кормандони пулиси ноҳияи Варзоб машғули ҷустуҷӯйи вай мебошанд.
Абулаҳад Оев, муъовини раиси ин донишгоҳ ва Облоқул Сангинов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе хок супорида шудаанд.
Пулис сабаби ин сонеҳаро “аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда” унвон кардаст. Дар ин худрав, Владимир Кашуба, муъовини донишгоҳи шаҳри Братск низ будааст, ки тавонистааст худро аз рӯдхона берун оварад.
Дар ҳамин ҳол кормандони пулис аз кушта шудани шаш нафар аз аъзои як хонавода дар сонеҳае дар роҳи Қӯрғонтеппа-Бохтар хабар додаанд. Дар ин сонеҳа се кӯдаки хурдсол, ки яке аз онҳо ҳамагӣ беш аз як сол доштааст, ҷони худро аз даст додаанд.
Кормандони пулис мегӯянд, ки дар ин воқеъа, ду худрав ва як комюн ба ҳам тасодум карда ва бар асари ин тасодум ҳамчунин се нафари дигар шадидан захмӣ шудаанд. Таҳқиқоти муқаддамотии пулис муъайян кардааст, ки Далерҷон Боймуродов, сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, яке аз ронандагони ду худрав гунаҳкори ин тасодум будааст.
Дар соли ҷорӣ дар роҳҳои утумубилгарди Тоҷикистон бар асари сонеҳа беш аз сад нафар ҷони худро аз даст дода ва даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Кормандони идораи назорат бар роҳҳои утумубилгарди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки аксари қурбониёни сонеҳаҳо ва тасодумҳо дар роҳҳо кӯдакон ва навҷавонон будаанд.
