Сонеҳаҳо дар вилояти Суғд ҷони чаҳор нафарро рабуд
Пулис аз кушта шудани чаҳор нафар аз сокинон дар ду сонеҳа дар вилояти Суғди Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон яке аз ин сонеҳаҳо дар роҳи утумубилгарди Душанбе-Ҷаноқ дар ноҳияи Шаҳристон рух додааст.
Дар ин воқеъа худрави мутаъаллиқ ба Мирраҳмон Юусуфови 27-сола аз баландии 32 метр ба поёни роҳ сарозер шуда ва дар натиҷаи ронанда ва як зан, аз ҷумлаи мусофирони худрав ҷонҳои худро аз даст додаанд.
Дар воқеъаи дигаре, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд рух додааст, дар натиҷаи бархӯрди худрав ба ду пиёдагар, ин афрод ҷароҳати сангин бардошта ва дар ҷои воқеъа ҷонҳои худро аз даст медиҳанд.
Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол дар роҳҳои утумулигарди Тоҷикистон беш аз 100 нафар аз сокинони ҷонҳои худро аз даст дода ва даҳҳо нафари дигари дар ин воқеъаҳо захмӣ шудаанд.
