Пулиси Тоҷикистон ронандае фирориро пас аз як сонеҳа меҷӯяд
Пулиси Тоҷикистон мегӯяд, ки машғули ҷустуҷӯйи ронадаест, ки дар натиҷаи бархӯрди худрави ӯ бо як сокини 86-сола ин фард ҷони худро аз даст додааст.
Тибқи иттилоъи сойти расмии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи панҷшанбеи 15 май пахш шуд, воқеъаи бархӯрди мошин бо Урозалӣ Турсунов, сокини 78-солаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, дар рустои Навбунёди ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.
Кормандони пулис мегӯянд, ки ҳувияти ин ронанда ҳануз маълум нест ва пулис барои шиносоии ронанда таҳқиқе анҷом медиҳад. Сабаби ин сонеҳа боло будани суръати ҳаркати худрав хонда шудааст.
Пулис мегӯяд, ки ин сонеҳа рӯзи чаҳоршабеи 14 май рух дода ва дар тасодуфи дигаре дар ин рӯз, ки дар роҳи Тоҷикобод-Рашт рух додааст, як ҷавони 16-сола ҷони худро аз даст додааст.
Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон низ бар асари як сонеҳаи роҳ кӯдаке чаҳорсола кушта шудааст.
