Шукурҷон Зуҳуров дубора намояндаи порлумон интихоб шуд
Image copyrightBBC World ServiceШукурҷон Зуҳуров, раиси пешини Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии ноҳияи Рашт намояндаи порлумони ин кишвар интихоб шудааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, дар куллияи 41 ҳавзаи интихоботии якмандата интихобот баргузор шудааст.
Дар интихоботи порлумонии соли 2010 дар ҳавзаи интихоботии Конибодоми вилояти Суғд интихоботи такрорӣ анҷом шуда, Насрулло Маҳмудов, додситони пешини шаҳри Кӯлоб бар рақиби худ Шокир Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби мухолифи сусиёл-демукроти Тоҷикистон пирӯз шуда буд.
Дар интихоботи феълӣ дар канори Шукурҷон Зуҳуров дар ҳавзаҳои интихоботии якмандата соҳибмақомҳои пешини давлати Тоҷикистон, назири женерол Анвар Тағоймуродов, раҳбари пешини Идораи умури дохилаи вилояти Хатлон, Абдуғаффор Раҳмонзода, шаҳрдори Кӯлоб, Муродулло Давлатов, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон ва Хайрулло Асозода, собиқ вазири нақлиёт курсиҳои порлумонро ба даст овардаанд.
Шукурҷон Зуҳуров ба унвони номзад аз Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Рашт (навоҳии Рашт, Нуробод, Тавилдара ва Тоҷикобод) вориди корзори интихоботи порлумонии соли ҷорӣ шуд.
Зимнан, дар интихоботи порлумонии соли 2010 низ оқои Зуҳуров ба ҳайси номзади Ҳизби халқи демукрот дар ҳавзаи интихоботии Рашт ширкат карда буд.
Дар ин ҳавзаи интихоботӣ Давлат Усмон, раиси пешини Ситоди Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон ва вазири собиқи рушди иқтисод ва тиҷорати кишвар бо Шукурҷон Зуҳуров рақобат карда, аммо ноком шуда буд.
Пас аз пирӯзӣ дар интихоботи порлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров бо аксари кулли оро раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуд.
Он замон бештари коршиносон ин интихобро “тақсими қудрат бо риояти ширкати намояндагони маҳаллҳо” унвон карда буданд.
Зеро Сайдулло Хайруллоев, зодаи минтақаи Рашт низ ду навбат, дар интихоботи солҳои 2000 ва 2005 аз ин минтақа ба порлумон роҳ ёфта ва баъдан раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Зимнан, рӯзи душанбеи 2 март, Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, натоиҷи интихоботи порлумонӣ тибқи феҳристи ҳизбиро эълом кард, ки бар асоси он аҳзоби наҳзати исломӣ, сусиёл-демукрот ва кумунист ба порлумон роҳ наёфтанд.
Ҳамакнун, тибқи феҳристи ҳизбӣ дар порлумони ҷадиди ин кишвар Ҳизби ҳокими халқии демукрот 16 курсӣ, аҳзоби кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сусиёлист мутаносибан 3, 2 ва 1 курсиро ба даст овардаанд.
