Тадобир барои коҳиши мизони талафи нерӯи барқ дар Тоҷикистон

  • 25 Феврал, 2015
ПорлумонImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар иҷлоси порлумон тарҳҳои навсозии хутути интиқоли барқ ва коркарди маъдан тасвиб шуд

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтаанд, ки ба далели камбуди системи ҳисоби утумотик, таҷҳизоти мудерн дар истгоҳҳои фаръӣ ва хутути интиқоли барқ дар соли 2013 ба андозаи 22 дарсади нерӯи барқи тавлидшуда талаф шудааст.

Гуфта мешавад, феълан ба манзури ислоҳи ин вазъ давлати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа дар вилояти Суғди ин кишвар тарҳеро рӯи даст гирифтааст.

Ҳамчунин, дар ин замина тарҳи мушобеҳе бо Бонки Тавсеъаи Осиёӣ барои навсозии истгоҳҳои фаръӣ ва бунёди хатти интиқоли нерӯи барқ аз ноҳияи Айнӣ ба ноҳияи Панҷакент омода шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали вазири дороии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанеби 25 феврал ин тарҳро дар иҷлоси порлумон муъаррифӣ мекард, гуфт, ки ҳазинаи тарҳ 67 милюн дулори омрикоӣ буда, аз ин маблағ 54 милюн дулорро кумаки билоъивази Бонки Тавсеъаи Осиёӣ ва 13 милюн сомониро саҳми давлати Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи оқои Нуралиев, ҳадафи ин тарҳ таъмини нерӯи барқ барои сокинон, коҳиши талафи нерӯи барқ тавассути ба шумориши муассири интиқоли нерӯи барқ ва бештар кардани тавоноии хатти интиқоли нерӯи барқ дар ноҳияи Панҷакент будааст.

Дар назар аст, ки дар марҳилаи аввал 1300 шуморандаи барқ, 1100 тронсфурмотур ё дастгоҳи табдили шиддати барқ ва 700 тронсфурмотури ҷараёнӣ барои кулли истгоҳҳои фаръӣ ворид шавад.

Дар марҳилаи дуюм бунёди хатти барқи 220-килувотӣ аз истгоҳи фаръии ноҳияи Айнӣ ба истгоҳи фаръии Рӯдакии ноҳияи Панҷакент, ки 95 килуметр фосила дорад, ба нақша гирифта шудааст.

Қарор аст дар пайи иҷрои ин тарҳ дар соли 2025 талафи нерӯи барқ то 3,5 дарсад коҳиш ёфта ва интиқоли нерӯи барқ аз 67 меговоти феълӣ то 320 меговот афзоиш ёбад.

Зимнан, ба гуфтаи масъулони арсаи энержии Тоҷикистон, ниёзи ноҳияи Панҷакент ба нерӯи барқ дар фасли тобистон ба 100 меговот ва дар фасли зимистон ба 141 меговот баробар аст.

Дар иҷлоси имрӯзи порлумон тарҳи коркади захоири маъдани “Зарнисори Шимолӣ”, дар вилояти Суғд, низ баррасӣ ва тасвиб шуд. Ба гуфтаи Лочин Файзуллозода, муъовини аввали Кумитеи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон, ҳазинаи ин тарҳ 200 милюн дулори омрикоӣ буда ва як ширкати муштараки Тоҷикистону Чин сармоягузори аслии он маҳсуб мешавад.

Оқои Файзуллозода гуфт, ки дар назар аст, ин ширкат корхонаи коркарди маъдан ва корхонаи филизгудозиро бунёд кунад. Гуфта мешавад, ин ду корхона то соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, солиёна ду милюн тун маъдан дар он коркард ва 20 ҳазор тун сурб тавлид шавад.

Ҳамчунин, пас аз фаъъол шудани ин корхонаҳо 2000 нафар шуғл пайдо хоҳанд кард.

Дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мувофиқатномаи ин кишвар бо Бонки Урупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа дар мавриди тахсиси 5,3 милюн дулор воми ботахфиф барои иҷрои тарҳи “Идораи партовҳои сахти маъишии шаҳри Норак” низ баррасӣ ва тасвиб шуд.

Матолиби муртабит