Сӯҳроб Шарипов, намояндаи порлумон дар синни 52-солагӣ даргузашт

  • 19 Январ, 2015
Сӯҳроб ШариповImage copyrightBBC World Service
Image caption Сӯҳроб Шарипов дар Тоҷикистон ба унвони коршиноси арсаи сиёсӣ фарде матраҳ буд

Сӯҳроб Шарипов, намояндаи порлумони Тоҷикистон баъд аз бемории кутоҳмуддат дар синни 52-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии порумони Тоҷикистон Сӯҳроб Шарипов, қабл аз даргузашташ се рӯз дар ҳолати комо дар Қарияи Боло, бемористони марказии шаҳри Душанбе, қарор дошт.

Муҳамадато Султонов, сухангӯйи порулмони Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт: “ Соъоте пеш Сӯҳроб Шарипов дар бахши қалбшиносии бемористони Қарияи Боло даргузашт.”

Ин беморӣ ногаҳонӣ буд зеро ба гуфтаи оқои Султонов дар авоили ҳафтаи гузашта Сӯҳроб Шарипов ҳанӯз дар ҷаласаи порлумонӣ ширкат доштааст.

Ба гуфтаи афроди наздик ба Сӯҳроб Шарипов чанде қабл вай ба бемории зуком мубтало шуда буд, вале баъдан саломаташ беҳбуд ёфта ва ӯ дубора ба кори худ дар ҷаласоти порлумонӣ идома дод. Ӯ ҳафтаи гузашта баъд аз поёни нишасти порлумонӣ эҳсос карда, ки вазъаш хуб нест ва ба бемористон интиқол ёфтааст.

Пизишкон ҳанӯз расман далели марги Сӯҳроб Шариповро эълом накардаанд, вале гуфта мешавад, ки ӯ дар натиҷаи аз кор мондани узви танафусӣ даргузаштааст.

Сӯҳроб Шарипов, дуктури улуми сиёсӣ буда ва дар соли 1963 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада ва таҳсил кардааст.

Вай дар соли 1988 аз бахши фалсафаи Донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Маскав, пойтахти Русия фориғ шуда ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ду сол устоди фалсафа будааст.

Баъдан се сол дар Донишгоҳи Ломоносов дар риштаи фалсафа дуктурои худро дифоъ карда ва аз соли 1993 то соли 1998 дар ин донишгоҳ фаъъолият мекард.

Аз соли 1988 ба унвони мудири Маркази таҳқиқоти истротежики Тоҷикистон фаъъолият карда ва аз соли 2001 барои ду сол дар дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони муъовини дастгоҳи иттилоъоти таҳқиқотӣ кор кардааст. Вай ҳамчунин барои ду сол ба ҳайси ёвари раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъъолият кардааст.

Дар соли 2005 оқои Шарипов барои шаш сол раҳбарии Маркази мутолеъоти истротежикиро бар уҳда дошта ва се соли ахир намояндаи порлумони Тоҷикистон буд.

Сӯҳроб Шарипов чанде пеш аз сӯйи ҳавзаи шумораи сеи интихоботии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли ҷорӣ чун номзад пешниҳод шуда буд.

Сӯҳроб Шарипов дар Тоҷикистон ба унвони коршиноси арсаи сиёсӣ фарде матраҳ буд ва мусоҳиботи зиёди ӯ дар мавзӯъоти ҳассоси сиёсӣ борҳо дар расонаҳо ба нашр расида буданд.

Матолиби муртабит