Муҷозот барои нақзи қавоиди ронандагӣ ташдид шуд
Image copyrightBBC World ServiceПорлумон Кодекси муқаррароти маъмуриро ислоҳ карда ва барои идораи васоили нақлия дар ҳолати мастӣ ва надоштани муҷаввизи ронандагӣ муҷозоти сахттар таъйин кард.
Маҳмадсаид Саидзода, раҳбари Идораи бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 24 декабр, дар иҷлоси порлумон гуфт, дар соли 2013 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаводиси садамаҳо дар ҳолати сархушӣ дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли 2012 ҳудуди 3 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, мавориди нақзи қавоиди ҳаракати роҳ аз ҷониби ҷавонону наврасон ва идораи утумубил бидуни муҷаввизи ронандагӣ бештар шудааст.
Тибқи гузориши Идораи бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон, 5 дарсади садамаҳо, ки дар соли гузашта ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ рух додааст, аз сӯйи ронандагони наврас иттифоқ афтода ва бар асари онҳо 11 нафар кушта ва 23 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Оқои Саидзода гуфт, ба манзури коҳиши теъдоди садамаҳо дар ҳолати сархушӣ, ҷилавгирӣ аз истифодаи васоили нақлия аз сӯйи наврасон ва боло бурдани масъулияти падару модар ва ниҳодҳои масъул дар тарбияти фарзанд муҷозот барои нақзи қавоиди ронандагӣ дар Тоҷикистон ташдид шудааст.
Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, тибқи тағйироте, ки ба Кодекси муқаррароти маъмурӣ ворид шудааст, барои идораи васоили нақлия дар ҳолати мастӣ ва надоштани санади ронандагӣ ба миқдори аз 70 то 80 ҳуқуқи ҳадди ақал ( аз 2800 то 3200 сомонӣ) пешбинӣ шудааст.
Қаблан ҷарима барои чунин ҷароим 50 ҳуқуқи ҳадди ақал (2 ҳазор сомонӣ) муқаррар шуда буд.
Ҳамзамон, Маҳмадсаид Саидзода, раҳбари Идораи бозрасии давлатии автомобилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз афзоиши мавориди фирори ронандагон аз маҳалли садама ибрози нигаронӣ карда ва дар соли ҷорӣ 80 ҳодисаи фирор сабт шудааст.
Оқои Саидзода гуфт, маъмулан ин ронандагон бо шумораи ҷаълӣ ё кишварҳои бегона васоили нақлияро идора карда, аз ин лиҳоз дар сурати рух додани садами маргбор пайдо кардани омилони он душвор будааст.
Зимнан, субҳи 28 сентябри соли ҷорӣ Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Исмоъили Сомонии шаҳри Душанбе бо худрави “Мерседес” Зеварбону Пироваи 53-соларо, ки хиёбонро поксозӣ мекард, зер гирифта ва аз маҳалли ҳодиса фирор карда буд.
Бар асари ин садамаи маргбор бархе аз аъзои бадани Зеварбону Пирова гусаста шуда ва ӯ дар маҳалли ҳодиса ҷон бохта буд.
