Кӯдаки дусола дар зери чархи худрави падарбузург ҷон дод

  • 7 Июл, 2014

Пулиси нозири роҳ аз кушта шудани ду сокини ноболиӯ дар рӯзҳои таътил дар роҳҳои утумубилгарди Тоҷикистон хабар додааст.

Торнамои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 7 июл хабар додааст, ки яке аз ин кӯдакон ҳамагӣ 2 сол дошта ва сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон будааст.

Таҳқиқоти муқаддамотӣ мушахас кардааст, ки Нодирбек Чориеви 2-сола ҳангоми ҳаракати худрав ба ақаб зери чарх монда ва ҷони худро аз даст дода ва Олимназар Чориев, дар замони ҳаракати худрав набераи худро, ки дар ақаби мошин қарор доштааст, надидааст.

Дар ҳамин ҳол дар як тасодуми дигаре дар ноҳияи Рӯдакӣ, як кӯдаки 10-сола ҷони худро аз даст додааст.

Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол шумори зиёде аз кӯдакони зери 10-сола дар тасодумҳо ва сонеҳаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон ҷонҳои худро аз даст доданд ва шуморе низ захмӣ шудаанд.

Пулис мегӯяд, ки яке аз сабабҳои аслии сонеҳаҳо ва тасодумҳо дар роҳҳои утумубилгард дар ин кишвар риоят нашудани муқаррароти ҳаракат дар роҳ аз сӯйи бисёре аз ронандагон ва пиёдагардон будааст.