Шабдолов: “Аз фарори мағзҳо бояд ҷилавгирӣ шавад”
Image copyrightBBC World ServiceШодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби кумунист ва намояндаи порлумони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки аз тариқи ҷиддан боло бурдани сатҳи маоши донишмандон аз фарори мағзҳо ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ шавад.
Оқои Шабдолов, ки рӯзи чоршанбеи 14 январ, дар ҷараёни баррасӣ ва тасвиби Қонуни ҷадиди “Фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” дар иҷлоси порлумон сӯҳбат мекард, гуфт, дар зарфи 20 соли ахир ҳазорҳо тан аз донишмандон Тоҷикистонро тарк кардаанд.
Ӯ илали аслии ин ҳодисаро бӯҳрони иқтисодӣ ва маоши ночиз хонд, ки донишмандони тоҷикро водор кардааст, барои пайдо кардани зиндагии беҳтар ба Омрико, Конодо ё Русия кӯч банданд.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ зимни таъйиди ин нукта гуфт: “Бар асоси маълумотҳое, ки дар даст ҳаст, танҳо дар худи шаҳри Маскав беш аз 100 дуктури илм аз Тоҷикистон фаъолият карда ва 10 нафари онҳо клиникаҳои илмӣ доранд.”
Ба эътиқоди оқои Зуҳуров, дар сурати таъмини маоши арзанда мумкин аст ин донишмандон ба Тоҷикистон бозгашта ва барои мардуми худ хидмат кунанд.
Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, буҷети Тоҷикистон имкони пардохти маоши баланд ба донишмандонро надошта ва Фарҳангистони улуми кишвар бояд худ ба ҳисоби амалӣ кардани ихтироот дар бахшҳои истеҳсолӣ барои иҷрои ин амр маболиғи заруриро пайдо кунад.
Фарҳод Раҳимӣ, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон гуфт, дар соли гузашта 12 ихтироъи донишмандон дар бахши саноеъ истифода шуда ва ба ин ҳисоб 4 милюну 400 ҳазор сомонӣ оидот ба даст омадааст.
Оқои Раҳимӣ гуфт, аз ин маблағ 2,5 милюн сомонӣ барои харидории таҷҳизоти мудерн барои озмоишгоҳҳои фарҳангистон масраф шудааст.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин маблағро барои Фарҳангистони улуми кишвар “ночиз ва хандаовар” арзёбӣ карда ва гуфт, дар кишварҳои хориҷӣ барои як ихтироъ 40-50 милюн дулор пардохт мешавад.
Ҳамчунин, Шукурҷон Зуҳуров дар ишора ба чопи беш аз 300 мақолаи илмӣ аз ҷониби донишмандони Фарҳангистони улум дар соли гузашта гуфт: “Ин мақоларо кӣ мехонад? Агар илм ба истеҳсолот пайваст набошад, ин гуна мақолаҳо самарае надоранд.”
Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон ба “ҷудо будани илм аз сиёсат” таъкид карда ва гуфт, “донишмандон бояд ба ихтироот машғул шаванд на ба сиёсат”.
Шояд ишораи оқои Кабирӣ ба баёнияи зиддинаҳзатии гурӯҳе аз донишмандони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар моҳи гузашта буд, ки Ҳизби наҳзати исломии (ҲНИТ) онро “муғойир ба Қонуни асосӣ ва дур аз мафкураи илмӣ” арзёбӣ карда буд.
Зимнан, гурӯҳе аз кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муъосир ва оянданигарии илмии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон зимни як баёния масъулияти пахши матолиби зиддинаҳзатиро ба ӯҳда гирифта ва ҲНИТ-ро барои ҷомеъаи ин кишвар хатарофарин хонданд.
Дар ин баёния Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо Ҷунбиши Толибони Афғонистон ва Давлати исломӣ дар Ироқу Сурия дар як сатҳ қарор дода шуда ва хостори “аз байн бурдани” ин ҳизб шуда буд.
