Баррасии ҳайъати ҷадиди КМИҲ дар порлумон

  • 8 Декабр, 2014
порлумонImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳайъати ҷадиди КМИҲ баррасӣ шудааст

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи пешниҳодии раиси ҷумҳурии ин кишвар дар бораи интихоби раис, муъовин ва аъзои Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) баррасӣ шудааст.

Тибқи иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи порлумони Тоҷикистон, дар назар аст, ин масъала фардо, сешанбеи 9 декабр, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон матраҳ шавад.

Зимнан, бар асоси Қонуни асосӣ ва Қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон раиси ҷумҳурӣ асомии раис, муъовин ва 13 узви Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсиро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда ва порлумон муваззаф аст, дар зарфи се рӯзи пас аз эъломи таърихи баргузории интихобот ин асомиро таъйид кунад.

Рӯзи ҷумъаи 5 декабр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни як фармон рӯзи 1 марти соли ояндаро таърихи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳалии Тоҷикистон таъйин кард.

Бар асоси ин фармон интихобот ба Маҷлиси миллии ин кишвар рӯзи 27 марти соли 2015 баргузор хоҳад шуд.

Интихоботҳои қаблӣ ба Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳалии Тоҷикистон маъмулан дар моҳи феврал баргузор мешуд.

Ҳамчунин, тибқи иттилоъи торнамои “president.tj”, оқои Раҳмон рӯзи шанбеи 6 декабр бо аъзои пешниҳодии Кумисиюни Марказии Интихобот ва Ҳамапурсии ин кишвар мулоқот карда ва хостори баргузории интихоботи шаффоф ва мутобиқ бо меъёрҳои демукросӣ шудааст.

Гуфта мешавад, Шермаҳмади Шоҳиён, ки аз моҳи феврали соли 2011 раёсати КМИҲ-ро ба ӯҳда дорад, ба унвони раиси ин ниҳод боқӣ мондааст.

Ба ҳайъати ҷадиди КМИҲ ба истиснои Ҳизби мухолифи сусиёл-демукроти Тоҷикистон аз аҳзоби дигар намояндагон шомил шудаанд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ҳамчунин, Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва ширкати муштараки “Trans-TajikGasPipelineCompanyLtd”, тарҳҳои ислоҳи Кодексҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва молиёт ва асноди дигари ҳуқуқӣ баррасӣ шудаанд.