Баррасии тарҳи Қонуни “Хидмати дипломатӣ” дар порлумон
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи Қонуни “Хидмати дипломатӣ” матраҳ ва барои баррасии ҳамаҷониба ба кумитаҳо ва ниҳодҳои зирабти порлумон ирсол шудааст.
Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи шӯро, ҳамчунин, тарҳҳои ворид кардани тағйирот ба қавонини “Низоми иҷозатдиҳӣ”, “Кодекси мурофиавии маъмурии Тоҷикистон” ва “Ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он” мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар ин ҷаласа мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Бонки Исломии Тавсеъа дар мавриди “Ҷилавгирӣ аз сирояти ВИЧ/СПИД (HIV/AIDS) аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон” низ матраҳ гардидааст.
